Шуъурии Кошонӣ (форсӣ: شعوری کاشانی‎; ? — қарни XVI) — шоири форс-тоҷик, шогирди Муҳташами Кошонӣ[1].

Шуурии Кошонӣ

Зиндагинома вироиш

Девони ашъори Шуурии Кошонӣ шомили 6 ҳазор байт (ғазалҳо, рубоиҳо ва қитъаҳо) боқӣ мондааст. Мавзӯи асосии ашъори Шуурии Кошонӣ ишқ аст. Абёти зерин аз ӯст:

Ба ёди зулфи ту дӯшина дидаам хобе,
Ки сад рисолаи ошуфта гашт таъбираш.

Сад бор гар ба ҷавр маро кушт бегунаҳ,
Ҳаргиз нагуфтам, ки гуноҳе накардаам.

Эзоҳ вироиш

  1. شعوری کاشانی. rasekhoon.net. 22 апрели 2024 санҷида шуд.

Адабиёт вироиш

  • Шуурии Кошонӣ / У. Назиров // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).