Шуҳратшоҳ Раҳматуллоев

Шуҳратшоҳ Раҳматуллоев (5 марти 1974[1], ноҳияи Бабушкинский, Маскав, ҶШФСР, ИҶШС) — ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик. Аълочии фарҳанги Тоҷикистон.

Шуҳратшоҳ Раҳматуллоев
Раҳматуллоев Шуҳратшоҳ Асланшоевич
Таърихи таваллуд: 27 феврал 1974(1974-02-27) (50 сол) ё 5 март 1974(1974-03-05) (50 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Бабушкинский, Маскав, ҶШФСР, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Касб: ҳунарпешаи театр, ҳунарпешаи синамо, садогузор
Ҷоизаҳо:

Зиндагинома

вироиш

Шуҳратшоҳ Раҳматуллоев соли 1974 ба дунё омадааст. Падараш Асланшо Раҳматуллоев ва модараш Гулчеҳра Раҳматуллоева, ҳунарпеша буданд. Дар соли 1991 мактаби миёна ва соли 1996 шуъбаи драмма ва кинои Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро бо ихтисоси ҳунарпешаи драмма ва кино хатм кард[2]. Инчунин, дар курсҳои кӯтоҳмуддати Иттиҳодии фаъолияти театрии Федератсияи Русия таҳсил кардааст.

Филмҳо

вироиш

Шуҳратшоҳ дар филмҳои «Муҳаббат», «Афсарон» ва ғайраҳо ҳунарнамоӣ кардааст. Ӯ айни ҳол дар Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский ба ҳайси ҳунарманд фаъолият дорад.

Ҷоизаҳо

вироиш

Дорандаи унвони «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» ва медали «Хидмати шоиста» (2014) мебошад

  1. Орзу Исо. Ногуфтаҳои Шуҳрат Раҳматуллоев. Барномаи Ногуфтаҳо. ORZU (18 июли 2021).
  2. “РОЗҲОИ ОИЛАДОРӢ” БО ШУҲРАТШОҲИ РАҲМАТУЛЛОҲ(тоҷ.). oila.tj. 19 июли 2021 санҷида шуд.