Шуҳрат Саъдиев

Таърихшинос аз Тоҷикистон

Шуҳрат Саъдиев (Саъдиев Шуҳрат Самарович; 8 ноябри соли 1954; Душанбе; ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — муаррихи шӯравӣ ва тоҷик, номзади илмҳои таърих, дотсент.

Шуҳрат Самарович Саъдиев
Саъдиев Шуҳрат Самарович
Шуҳрат Саъдиев
Шуҳрат Саъдиев
Таърихи таваллуд 8 ноябр 1954(1954-11-08) (70 сол)
Зодгоҳ Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон (1977—1986)
Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (1996—2002)
Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмати Тоҷикистон (2002—2009)
Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Ҷоизаҳо Нишон ва гувоҳномаи Донишномаи "Известные Ученые" FAMOUS SCIENTISTS" (2021)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

Шуҳрат Саъдиев фориғуттаҳсили Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Баъд аз хатми ин донишгоҳ нуҳ сол, яъне аз соли 1977 то соли 1986 омӯзгори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода буд. Соли 1986 ба аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуд ва соли 1989 онро хатм кард. Рисолаи номзадиро дифоъ намуда, дар Донишкадаи давлатии санъат корашро давом дод. Солҳои 19962002 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино аввал муаллими калон ва баъдтар дотсенти кафедраи таъриху фарҳанги халқи тоҷик шуда кор мекард. Соли 2002 ба Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмати Тоҷикистон ба кор гузашт ва то соли 2009 мудири шуъбаи илму навоварии ифои вазифа намуд. Аз соли 2009 дар вазифаи дотсенти кафедраи таърих ва фалсафаи ҳамин донишкада фаъолияташро давом додааст. Аз соли 2013 то соли 2014 мудири Донишкадаи такмили ихтисос дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Ҳоло Шӯҳрат Саъдиев дотсенти кафедраи «Таърихи умумӣ»-и Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон мебошад.[1](рус.)

Шуҳрат Саъдиев муаллифи зиёда аз 70 мақолаи илмӣ, 1 монография ва 7 дастури таълимӣ-методӣ мебошад[2].

Дар Википедия

Шӯҳрат Саъдиев аз январи соли 2011 корбари Википедия ва дигар лоиҳаҳои Бунёди Викимедиа мебошад. Зери ники tg:Корбар:Шухрат Саъдиев маълум аст. То моҳи марти соли 2022 зиёда аз 83 221 вироиш дар сатҳи Бунёди Викимедиа, аз ҷумла 54 080 вироиш дар Википедияи Тоҷикӣ, 2855 вироиш дар Википедияи Русӣ, 16 659 вироиш дар Викианбор, 468 вироиш дар Викиахбор анҷом додааст[3]. Аз 2 апрели соли 2016 Шӯҳрат Саъдиев мудири Википедиаи Тоҷикӣ интихоб шудааст[4].

Осор

  • Тоҷикистон: роҳи сулҳ ва ризоият. — Душанбе, 2002. — 40 с.
  • Таджикистан: путь к миру и согласию. — Душанбе, 2002, — 40 с.(рус.)
  • Барномаи таърихи халқи тоҷик (барои ихтисосҳои ғайритаърихи макотиби олии ҷумҳурӣ. Бо қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия шудааст). Мураттибон: Н. Б. Ҳотамов, Ш. С. Саъдиев — Душанбе,2008. — 42 с.
  • Саҳифаҳои муҳимтарин аз таърихи халқи тоҷик. — Душанбе, 2008, 2010
  • Важные страницы из истории таджикского народа. — Душанбе, 2008, 2010 (рус.)
  • Тоҷикистон: саҳифаҳои таърихи кишвари куҳан (солнома, шахсиятҳои таърихӣ, давлатҳо, номгузориҳои таърихӣ-ҷуғрофӣ, ёдгориҳои бостонӣ, харитаҳо). — Душанбе, 2012, — 46 с.
  • Tojikiston : saḣifaḣoi taʺrikhi kishvari kuḣan : solnoma, shakhsiathoi taʺrikhī, davlatḣo, nomguzoriḣon taʺrikhī-jughrofī, ydgoriḣoi bostonī, kharitaḣo. – Duschanbe,2014.[5]
  • Курс лекций по истории таджикского народа. — Душанбе, 2012,- 256 с.(рус.)[6] ва диг.
  • История таджикского народа: краткий курс лекций для студентов кредитной системы обучения. – Duschanbe, 2012.i[7]
  • Подвиги воинов Таджикистана на фронтах Великой Отечественной войны(1941-1945гг.)//Паёмномаи фарҳанг. Нашрияи илмию тахлили./Вестник культуры. Научно-аналитическое издание/. 2015, № 1(29), С.121-126.(рус.)[8]
  • История таджикского народа. Учебное пособие. - Душанбе, РТСУ, 2017. – 242 с. (рус.)(в соавт. с Рахматовой З.Ю.) ISBN 978-99975-932-1-4
  • Инъикоси фарҳанги Тоҷикистон дар Википедияи Тоҷикӣ.// Осори ПИТФИ Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷили 6. = Освещение культуры Таджикистана в Таджикской Википедии/ Труды НИИКИ Министерства культуры Республики Таджикистан. Т.6. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 444-474.[9].
  • Роль Организации Объединённых Наций в мирном урегулировании внутренних конфликтов в Центральной Азии (На примере Республики Таджикистан). – Душанбе, РТСУ, 2020. – 115 с.[10]

Адабиёт доир ба Ш. Саъдиев

Ҳамчунин нигаред

Эзоҳ

  1. Кафедра «Всеобщая история»: Состав кафедры, Саъдиев Шухрат Самарович
  2. Саъдиев Шухрат Самарович(рус.). Энциклопедия ИЗВЕСТНЫЕ УЧЕНЫЕ.
  3. Данные о глобальной учётной записи участник Шухрат Саъдиев
  4. Википедиа: Дархост ба унвони мудир/Шухрат Саъдиев
  5. Sh S Saʺdiev. Tojikiston : saḣifaḣoi taʺrikhi kishvari kuḣan : solnoma, shakhsii͡atḣoi taʺrikhī, davlatḣo, nomguzoriḣon taʺrikhī-jughrofī, ëdgoriḣoi bostonī, kharitaḣo = Тоҷикистон: саҳифаҳои таърихи кишвари куҳан (солнома, шахсиятҳои таърихӣ, давлатҳо, номгузориҳои таърихӣ-ҷуғрофӣ, ёдгориҳои бостонӣ, харитаҳо). www.worldcat.org. 10 июни 2021 санҷида шуд.
  6. История Тадж народа -курс лекций (САЪДИЕВ Ш.).doc. 23 Январ 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 28 Декабри 2016.
  7. [https://www.worldcat.org/title/istoriia-tadzhikskogo-naroda-kratkii-kurs-lektsii-dlia-studentov-kreditnoi-sistemy-obucheniia-uchebnoe-posobie/oclc/858966782&referer=brief_results История таджикского народа : краткий курс лекций для студентов кредитной системы обучения : учебное пособие / Istoria tadzhikskogo naroda : kratkiĭ kurs lektsii dlia studentov kreditnoĭ sistemy obuchenia:uchebnoe posobie](рус.). www.worldcat.org. 10 июни 2021 санҷида шуд.
  8. [ https://www.elibrary.ru/item.asp?id=23242211 Подвиги воинов Таджикистана на фронтах Великой Отечественной войны(1941-1945гг.)]
  9. Саъдиев Шухрат Самарович(рус.). www.famous-scientists.ru. famous-scientists.ru (9 июли 2020). 10 июли 2020 санҷида шуд.
  10. [http://www.rtsu.tj/ru/scientific-work/publikatsiya-prepodovateley-rtsu-za-rubezhom/monografii.php Монографии Публикаций ППС университета в 2020 году](рус.). www.rtsu.tj/ru/. 10 июни 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 май 2021.

Пайвандҳо