Шӯриши Абумуслим
ШӮРИШИ АБУМУСЛИМ
вироишДар замони таназзули ҳокимияти сулолаи Уммавиён ҳаракати озодихоҳонаи халқхои хилофат авҷ гирифт. Қариб сар то сари онро шӯришҳо фаро гирифтанд. Шӯриши калонтарин дар Хуросон ба амал омад, ки сардори он Абӯмуслим буд.
Шӯриши Абумуслим соли 747 дар Марв оғоз ёфтааст. Бо даъвати ӯ мардуми Эрони Шимолӣ ва Осиёи Марказӣ ба муқобили ҳокимияти сулолаи Уммавиён бархостанд. Баъдтар шӯриш Эрони Ғарбӣ ва Ироқро низ фаро гирифт. Халифаи Димишқ Марвони II ба ноиби Хуросон Наср ибни Сайёр супориш дод, ки аз ҳисоби мардуми арабу эронӣ лашкар ҷамъ карда, шӯриши Абӯмуслимро, ки акнун барон тахту тоҷи Уммавиён хатарнок шуда буд. торумор кунад. Вале зӯри ӯ ба ин кор нарасид. Баръакс, ҷангро бохта, маҷбур шуд, ки пойтахти Хуросон шаҳри Марвро тарк карда, бо боқимондаҳои лашкар ба Нишопур равад, то ки аз нав аскар ҷамъ карда, бар зидди Абумуслим муборизаро давом диҳад.
Аз нақшан ибни Сайёр бохабар шуда, Абӯмуслим бо сардории яке аз фармондеҳони беҳтарини худ бар зидди ӯ лашкар фиристонд. Қӯшуни фиристодаи Абумуслим дере нагузашта дар Нишопур лашкари халифаро торумор кард. Уммавиён гарчанде тамоми қувваашонро ғун карда, як маротиба ба шӯришчиён зарба заданд, лекин аз ин зиёд кори дигаре карда натавонистанд. Абумуслим баъди ин шикаст лашкарашро боз ҳам зиёдтару боқувваттар карда, ба ҳуҷуми ҳалкунандаи зидди Марвони II раҳсипор шуд. Марвони II хост, ки лашкари Сурияро бар зидди Абӯмуслим истифода барад, вале вай нисбат ба худи ӯ душманона муносибат кард. Марвони II дар Сурия ба муроде ноил нашуда, ба Миср раҳсипор шуд, вале фармондеҳи Абумуслим - Абдуллоҳ ибни Алӣ бо лашкари калон ӯро думболагирӣ карда, то Миср рафт. Дар ин ҷо лашкари халифа ба бадкирдороне муттаҳам шуда, обрӯяш рехт. Халифа дар амал бе лашкар монда, хост ки ба Мағриб фирор кунад, вале дастгир ва қатл карда шуд.