Шӯриши Сумбоди Муғ
Шӯриши Сумбоди Муғ — шуриши мардумиест, ки ба раҳбарии Сумбоди Муғ дар соли 755 дар қисми шимоли шарқӣ ва марказии Эрон cap зада, зидди ҳукмронии Аббосиён равона шуда буд.
Дар аҳди Аббосиён оммаи халқ зери зулми дутарафа монд. Андозҳои бештар характери натуралӣ дошта, дар заминҳои лалмӣ он нисф, дар заминҳои обӣ бошад, аз чоряк то сеяки ҳосилро ташкил медод. Замин расман моликияти хусусии халифа ба шумор равад ҳам, дар амал дар ихтиёри аъёну ашрофи маҳаллӣ буд. Онҳо заминро ба қитъаҳо ҷудо карда, ба чоряккорон ба иҷора медоданд. Халифаҳои Аббосиён анъанаҳои Сосониёнро давом дода, қасрҳо, кушкҳо ва қалъаҳои бо ҳашамат месохтанд ва дар буньёди он деҳқонону ҳунармандонро бемузд (ниг. Бегорӣ) кор мефармуданд. Ҳамаи ин норозигии оммаи халқро ба амал оварда, боиси ба амал омадани як қатор шуришу ошубҳо гардид, ки яке аз онҳо Шӯриши Сумбоди Муғ мебошад. Аз тарафи Аббосиён кушта шудани Абумуслим (бо амри халифа Мансур) баҳонаи асосии cap задани шуриш гардид. Шуриш дар ш. Рай cap шуда, ба зудӣ қариб тамоми Хуросон на Табаристонро фаро гирифт. Қувваи асосии ҳаракатдиҳандаи он деҳқонон ва ҳунармандон буданд. Ба шуриш яке аз пайравони Абумуслим Сумбоди Myғ роҳбарӣ мекард. У таҳти шиори «Мо бояд қасоси хунини Абумуслимро гирем!» оммаро ба мубориза даъват намуда, дар як муддати кутоҳ пайравони зиёде пайдо кард. Ба шуриш муътақидони дину мазҳабҳои гуногун, аз ҷумла оташпарастон, шиаҳо, хуррамиён ҳамроҳ шуда, зидди мазҳаби расмии Аббосиён — мазҳаби сунни мубориза бурданд. Бино ба маълумоти муаррихи арабизабон Табарӣ шуриш ду моҳ давом кард. Аббосиён бо душворӣ Шӯриши Сумбоди Муғ-ро пахш намуда, Сумбодро ба қатл расонданд ва зану фарзандонашро ба ғуломи фурухтанд. Шӯриши Сумбоди Муғ дар таърихи халқҳои Осиёи Миёна ва Эрон мақоми баланде дорад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Шӯриши Сумбоди Муғ / А. Валиев // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).
- История таджикского народа, т.2, кн. 1, М., 1964;
- Гафуров Б. Г. Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история. М., 1972