Шӯхии Бухороӣ (? — қарни XVI) — шоири форс-тоҷики доираи адабии Бухоро.

Шӯхии Бухороӣ

Зиндагинома вироиш

Дар Бухоро зиндагӣ кардааст. Намояндаи аҳли кору ҳунар аст. Муаллифи «Музаккиру-л-аҳбоб» дар бори Шӯхии Бухороӣ гуфтааст: «Мавлоно Шухӣ ба кафшдузӣ машҳур аст ва дар шухтабъӣ ҳамто надошта, қадам дар майдони балоғат ниҳода, ба ҷавгони фасоҳатгуӣ суханро мерабуда…». Шоир дар маҳфилҳои адабии аҳли ҳунар фаъолона ширкат дошта, бештар ашъори ҳазломез гуфтааст. Дар ғазал, рубоӣ, қитъа ва ғайра ҳунарманд будааст. Дар ашъори парокандааш оҳангҳои шикваомез ба назар мерасанд.

Намунаи ашъори ӯ:

Дар воқеа дидам, ки шуда ёр парешон,
Ҳастем аз ин воқеа бисьёр парешон,
Шаб хурда маю рӯз ба ағьёр чу ҳар кас,
Аз хона бурун омада дастор парешон.
Шӯхӣ дуру май чанд ба даст ор, ки ҳастанд,
Хубони ҷаҳон аз пайи динор парешон.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Шӯхии Бухороӣ / У. Назиров // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).