Уқлидус

(Тағйири масир аз Эвклид)

Уқлидус (юнонӣ: Εὐκλείδης) — риёзидони аҳли Юнони Бостон.

Уқлидус
юн.-қад. Εὐκλείδης
Таърихи таваллуд на пештар аз 340 то м. и на дертар аз 315 то м.
Зодгоҳ
  • номаълум[2]
Таърихи даргузашт номаълум[1]
Маҳалли даргузашт
  • номаълум[2]
Кишвар
Фазои илмӣ ҳандаса
Шогирдон Diocleides of Athens[d][3]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Уқлидус соли 365 то мелод таваллуд ёфтааст. Ӯ шогирди Платон буда, кори илмиашро дар Александрия Сар кардааст ва дар ҳамон ҷо ӯ мактаби математикаро бунёд намуд. Корҳои илмии ӯ вобаста ба фанҳои планиметрия, стереометрия ва назарияи ададҳо, алҷабр ва методҳои муайян намудани масоҳат ва ҳаҷмро дарбар мегирад. Ӯ шахсе мебошад, ки дар бунёди фанни математика ва дар оянда барои инкишоф поя гузоштааст. Дар аввали кораш ӯ китобҳои математикони садаи IV — 5 то давраи моро азхуд кардааст.

Кадамҳои аввалаи Уқлидус роҳ кушодан ба сӯи ҳандасаи мантиқӣ дар асоси аксиомаҳо мебошад. Асосгузори аксиомаи замони нав аксиомаи Уқлидус мебошад.

Камбудии аксиомаи Уқлидус нопурра будани онро мефаҳмонад. Дар муайян кардани нуқта, порча, росткунҷа хеле маълумотҳои амиқ додааст. Ягон китоб нест, ки чунин дароз муваффақиятро дошта бошад. Китоби «Усул»-и Уқлидус соли 1482 зиёда аз 500 намуд бо тамоми забон аз чоп баромад. Ба ғайр аз китоби «Усул»-и Уқлидус ба мо боз китоби «Data» (маълумотҳо), «Ҷудокунии фигураҳо», «Полизмҳо» ва ғайра ба мо омада расидааст.