Эдвард Григ
Эдвард Ҳагеруп Григ (норвегӣ: Edvard Hagerup Grieg; 15 июн 1843[1][2][3][…], Берген[d][4][5] — 4 сентябр 1907[1][2][3][…], Берген[d][4][5] — оҳангсоз, пианинанавоз, раҳбмари мусиқӣ ва асосгузори мактаби мусиқии норвег. Узви Академияи мусиқии Шветсия (1872), Академияи ҳунарҳои нафисаи Фаронса (1889), Академияи Берлин (1897). Доктори фахрии донишгоҳҳои Кембриҷ (1893) ва Оксфорд (1906).
Эдвард Григ | |
---|---|
норвегӣ: Edvard Hagerup Grieg | |
![]() | |
Иттилооти асосӣ | |
Ном ба ҳангоми таваллуд | норвегӣ: Edvard Hagerup Grieg |
Таърихи таваллуд | 15 июн 1843[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 4 сентябр 1907[1][2][3][…] (64 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | оҳангсоз, пиёнунавоз |
Соз | фортепиано |
Сабк | мусиқии килоссик[d] |
Ҷоизаҳо | |
Соядаст | |
![]() |
ЗиндагиномаВироиш
Маълумоти мусиқиро дар Консерваторияи Лейпсиг (1858-62) гирифтааст. Шогирди К. Рейнек (композитсия) ва И. Мосиелес (фортепиано). Замони дар Копенгаген буданаш (1863) ҳамроҳи оҳангсози норвегӣ Р. Нудрок ва гурӯҳе аз навозандагони даниягӣ ҷамъияти мусиқии байнискандинави «Евтерпа»-ро таъсис дод; пас аз бозгашт ба Норвегия ҳамроҳ бо Ю. Свенсен (1866) Академияи мусиқӣ ва Ҷамъияти мусиқиро (1973) бунёд гузошт; яке аз созмондиҳандагони нахустин фестивали мусиқии норвег (Бреген, 1898). Ӯ бо консертҳояш фаъолияти оҳангсозӣ, педагогӣ-публитсистӣ, мусиқишиносӣ ва маорифпарвариро дар кишвараш ва хориҷ аз он (Олмон, Ҳолландия, Дания, Фаронса, Британия) тавъам сохт. Солҳои 1880-90 ҳамчун оҳангсоз ва навозанда дар ҷаҳон шуҳрат пайдо кард.
ЭводиётВироиш
Эдвард Григ дар осори хеш самтҳои асосии рушди фарҳанги мусиқии кишварашро пешниҳод намудааст. Ӯ мусиқии миллии норвегро ба дараҷаи мусиқии классикии ҷаҳонӣ расонд, мусиқии халқиро эҷодкорона аз нав такмил дод. Осори Эдвард Григ композитсияҳои сершумори гуногунжанрро дар бар мегирад. Асари маъруфи ӯ мусиқии драмаи «Пер Гюнт»-и Эдвард Григ Ибсен (1875) мебошад. Осори Эдвард Григ: мусиқӣ бар драмаи Бернсон «Сигурди Салибдор» (1872); симфония (1864), увертюраи «Дар тирамоҳ» (1887); «Рақсҳои симфонӣ» (1898); сюитаи «Аз даврони Холберг» (1885); консерт барои фортепиано бо оркестр (1868), ансамблҳои камеравӣ — 3 соната барои ғиҷак ва фортепиано (1865, 1867, 1887), квартети торӣ (1878), «Пйесаҳои лирикӣ» (барои фортепиано) дар 10 дафтар (1867—1901), тақр. 100 романсу суруд; такмили суруду рақсҳои мардумӣ; ҳамчунин мақолаву очеркҳое, ки ба Ҷ. Верди, В. А. Мотсарт, Р. Шуман, Р. Вагнер бахшида шудаанд.
ОсорВироиш
- Избранное статьи и письма. М., 1966.
ЭзоҳВироиш
- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 Internet Broadway Database (ингл.) — 2000.
- ↑ 3.0 3.1 3.2 3.3 Norsk biografisk leksikon (бук.) — Kunnskapsforlaget. — ISSN 2464-1502
- ↑ 4.0 4.1 4.2 4.3 Григ Эдвард // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ 5.0 5.1 5.2 5.3 https://www.digitalarchivioricordi.com/it/people/display/9252 — 1808.
АдабиётВироиш
- Григ Эдвард Хагеруп // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2021, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Музалевский В. Э. ГриЭдвард Григ Л., 1935;
- Бенестад Ф., Шельдеруп — Эббе. Д. Э. Григ — человек и художник. М., 1986;
- Михеева Л. В. Э. ГриЭдвард Григ Краткий очерк жизни и творчества. М., 1998.