Албурз

(Тағйири масир аз Элбурс)

Албурз (форсӣ: البرز‎) — кӯҳҳои шимоли Эрон, ки соҳили Баҳри Каспийро аз ҷануб фаро гирифтаанд. Дарозии албурз қариб 900 км, бараш то 120 км, баландиаш то 5604 м (вулқони хомӯши Дамованд). Албурз якчанд қаторкӯҳҳои мутавозиро дар бар гирифта, асосан аз оҳаксангу регсанг ва ҷинсҳои вулқонӣ таркиб ёфтааст. Нишебиҳояш фароз, сатҳаш нисбатан ҳамвор. Кӯҳҳоро водии дарёи Сафедрӯд бурида мегузарад. Дар нишебиҳои шимолии албурз бешаҳои зичи дарахтони паҳнбарг, дар нишебиҳои ҷанубии он буттаҳои ксерофитӣ (хушкидӯст) мерӯянд. Конҳои нефт ва маъдани мис дорад.

Албурз
Нигора
Кишвар
Баландтарин нуқта Дамованд[d]
Баландӣ аз сатҳи баҳр 5 610 м
Дарозӣ
  • 600 км
Бар 130 км
Масоҳат
  • 155 970 км²
Тасвири нақшаи мавқеият
Aerial view
 Парвандаҳо дар Викианбор


Нигаред низ

вироиш

Сарчашма

вироиш