Барқчӣ (бошгоҳи футбол)
Барқчӣ — бошгоҳи футболи тоҷик аз шаҳри Ҳисор, ки маркази маъмурии ноҳияи Ҳисор ба ҳайати Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шомил аст.
Барқчӣ | |||
Номи пурра | Бошгоҳи футболи «Барқчӣ» Ҳисор | ||
Таъсис | 2006 | ||
---|---|---|---|
Майдон | Варзишгоҳи марказии Ҳисор | ||
Ғунҷоиш | 20 000 | ||
Молик | Барқи тоҷик | ||
Президент | Лутфулло Алимардонов | ||
Мураббӣ | Мубин Эргашев | ||
Капитан | Кароматулло Саидов | ||
Буҷет | Барқи тоҷик | ||
Мусобиқа | Лигаи олии футболи Тоҷикистон | ||
2024 | 9 | ||
|
То оғози соли 2015 ин бошгоҳ дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе фаъолият мекард. Иштирокчии Лигаи олии футболи Тоҷикистон, ки дар ҷамъбасти мавсими соли 2018 ҷои охирин, 8-умро ишғол кард.
Финалисти Ҷоми Тоҷикистон-2008, барандаи Лигаи якуми Тоҷикистон дар соли 2006.
Ин даста ҳоло бозиҳои хонагии худро дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор, ки 20 ҳазор тамошобинро дар бар мегирад, мегузаронад. Дар солҳои 2007-2014 ин бошгоҳ дар шаҳри Душанбе дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Помир, ки 24 000 тамошобинро дар бар мегирад, меҳмононро қабул кардааст.
Таърихи бошгоҳ
вироишСоли 2006 дар Душанбе бошгоҳи футбол бо номи «Энергетик» таъсис ёфт. Худи ҳамон сол ғолиби Лигаи якуми Тоҷикистон ва роҳхат ба Лигаи олии кишвар гардид. Баъдан ба бошгоҳ Тоҳир Муъминов ҳамчун бозигар-мураббӣ роҳбарӣ мекард.
Соли 2007 дар мавсими дебюти худ дар сатҳи олӣ «Энергетик» дар байни 11 даста ҷои 9-умро гирифт. Соли 2008 ӯ ҷои панҷумро ишғол кард ва дар Ҷоми Тоҷикистон ба финал баромад ва аз тими Хуҷанд бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.
Дар мавсимҳои 2009 ва 2010 дар чемпионат боз панҷум ва соли 2011 чорумро ишғол карданд. Дар 2 соли минбаъда бошгоҳ дар зинаи охирини ҷадвал қарор гирифт. Ва дар мавсими соли 2014 ба далели мушкилоти молӣ 6 давр қабл аз анҷоми он аз чемпионат даст кашид ва дар натиҷа ҳафтум боқӣ монд.
«Энергетик» пеш аз оғози мавсими оянда сарпарасти нав пайдо кард — ба ҷои шабакаи барқи Душанбе ба ширкати миллии энергетикии «Барқи тоҷик» табдил ёфт. Дар пайи ин муомила бошгоҳ ба шарафи соҳиби наваш - "Барқи тоҷик" ном гирифт ва аз Душанбе ба шаҳри Ҳисор, ки дар 20-километрии ғарби Душанбе воқеъ аст, кӯчид. Аз соли 2016 ин маҳфил “Барқчӣ” ном гирифт.
Таърихи тағир додани номҳо
Мавсим | Ном |
---|---|
2006—2014 | «Энергетик» Душанбе |
2015 | «Барқи Тоҷик» Ҳисор |
2016—то ҳол | «Барқчӣ» Ҳисор |
Бозигарони шинохта
вироиш- Тоҳир Муъминов
- Суҳроб Ҳамидов
- Дилшод Восиев
- Аҳтам Назаров
- Далер Шарипов
- Александр Франк
- Алиа Силла
- Хуршед Маҳмудов
- Соҳиб Саванқулов
Дастовардҳо
- Ҷоми Тоҷикистон:
- Финалист (1): 2008
- Лигаи олии Тоҷикистон:
Мураббиён
вироишМавсим | Мураббӣ |
---|---|
2006—2008 | Тоҳир Муъминов |
2009 | Ҳикмат Фузайлов |
2009—2010 | Ибодулло Қаюмов |
2011 | Аҳлиддин Турдиев |
2011 | Бахтиёр Ҳалимов |
2012 | Наҷмиддин Толибов |
2013 | Тоҳир Муъминов |
2013 | Ҳамид Каримов |
2014—2015 | Алишер Тухтаев |
2016 | Рустам Хоҷаев |
2017 | Виталий Левченко |
2017—то ҳол | Мубин Эргашев |