Эргаш Рӯзметов
Эргаш Рӯзметов (тав. 31. 05. 1939, ноҳияи Бостони вилояти Тошкенти ҶШС Ӯзбекистон — ваф. 1998, шаҳри Душанбе) — риёзидони тоҷик, номзади илмҳои физика-математика (1965), профессор (1988). «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1995).
Эргаш Рӯзметов | |
Таърихи таваллуд | 31 май 1939 |
Зодгоҳ | вилояти Тошкент , ҶШС Ӯзбекистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 1998 |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | риёзиёт |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои физика ва математика |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Ҷоизаҳо | медали «Барои меҳнати шоён» ба муносибати 100-солагии В.И.Ленин, унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1995), нишонҳои «Барои муваффақиятҳои олӣ дар кори маорифи ИҶШС» ва «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» |
Зиндагинома
вироишСолҳои 1956—1961 дар факултети физика-математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил намудааст. Солҳои 1961—1964 аспирант, 1964—1967 муаллими калони кафедраи математикаи олӣ, 1967—1969 муовини декани факултети физика- математика, 1969—1971 мудири кафедраи таҳлили математикии донишкадаи омӯзгории пойтахт, 1971—1976 мудири шуъбаи илм ва нашриёти Вазорати маорифи Тоҷикистон, 1976—1977 мудири кафедраи таҳлили математикӣ, 1977—1987 декани факултети математика, 1987—1991 муовини ректори донишгоҳи омӯзгорӣ оид ба илм, 1991—1995 муовини аввали ректори донишгоҳи омузгорӣ оид ба таълим, 1995—1998 профессор ва мудири кафедраи анализи математикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буд. Оид ба ҳалшавандагии муодилаҳои интегралии сингулярии бисёрченакаи ғайрихаттӣ бо усули наздиккуниҳои пай дар пай ва назарияи системаҳои сингулярии барзиёд муайяншуда кори илмӣ ба анҷом расонидааст. Муаллифи зиёда аз 80 корҳои илмӣ ва илмию методӣ, аз он ҷумла як монография, 2 китоби дарсӣ, зиёда аз 8 дастуру васоити таълимӣ ва мақолаву фишурдаҳо мебошад. Хизматҳои шоёнаш бо медали «Барои меҳнати шоён» ба муносибати 100-солагии В. И. Ленин, унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1995), нишонҳои «Барои муваффақиятҳои олӣ дар кори маорифи ИҶШС» ва «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» қадр карда шудааст.
Осор
вироишАнализи математикӣ (Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ. Қисми 1, бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1989; Анализи математикӣ (Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ. Қисми 2, бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1991; Муодилаҳои дифференсиалии параметрдор ва татбиқи он дар татқиқи баъзе системаҳои барзиёд муайяншудаи муодилаҳо бо ҳосилаҳои хусусӣ, Д., 1994.