Воҳидов Эркин Воҳидович (ӯзбекӣ: Erkin Vohidovich Vohidov; 28 декабри 1936, ноҳияи Олтиариқ , вилояти Фарғона, ҶШС Ӯзбекистон, ИҶШС — 30 майи 2016, Тошканд, Ӯзбекистон[1]) — шоир, драмнавис, арбоби сиёсии ӯзбек, Шоири халқии Ӯзбекистон (1987), Қаҳрамони Ӯзбекистон (1999).

Эркин Воҳидов
ӯзбекӣ: Erkin Vohidov, Эркин Воҳидов
Таърихи таваллуд: 28 декабр 1936(1936-12-28)
Зодгоҳ: ноҳияи Олтиариқ, Фарғона
Таърихи даргузашт: 30 май 2016(2016-05-30) (79 сол)
Маҳалли даргузашт: Тошканд, Ӯзбакистон
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: намоишноманавис, шоир, сиёсатмадор, тарҷумон
Забони осор: ӯзбекӣ
Ҷоизаҳо:
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистон (1960). Муҳаррир ва сармуҳаррири нашриёти «Гвардияи ҷавон» (1960-63; 1975-82), нашриёти Адабиёт ва санъати ба номи Ғафур Ғулом (1963-70), директори он (1985-87), сардабири моҳномаи «Ёшлик» (1982-85).

Эҷаодиёт

вироиш

Ба навиштани шеър аз 15-солагӣ шурӯъ кард. Шеъру достонҳояш дар маҷмӯаҳои «Нафаси субҳ» (1961), «Шеърҳоям барои шумо» (1962), «Қалбу ақл» (1963), «Ситораи ман» (1964), «Нидо» (1965), «Лирика» (1966), «Девони ҷавонӣ» (1969), «Машъал» (1970), «Ҷавонони имрӯз» (1971), мунтахаботи дуҷилдии («Муҳаббатнома» ва «Садоқатнома», 1986), «Тор дар айни авҷ наканад» (1991), «Ҳақиқати талх хуб аст» (1992) ба табъ расидаанд, ки дар онҳо зиндагии ҳамзамононаш бо воқеияту самимияту маҳорати баланд тараннум шудааст. Достонҳои Эркин Воҳидов «Чашмаи орзу», «Нидо» (1964), «Макони офтоб» (1970), «Бахмал» (1974), «Исёни арвоҳ» (1978-79), «Садои Тошканд» (1983) ва ғ. дар адабиёти ӯзбек аз намунаҳои беназиранд. Эркин Воҳидов ҳамчун драматург низ маъруф аст («Девори тилоӣ», 1969; «Фоҷиаи Истанбул», 1985 ва ғайра). Ҳамчун адабиётшинос ва мунаққид мақолаҳову суҳбатҳояш пиромуни масоили мубрами адабиёт, таҳлили эҷоди адибони ӯзбек дар китоби «Шуури шоиру шеър» (1987) дарҷ гардидаанд. Ӯ осори бархе аз адибони номдори ҷаҳон — И. Гёте («Фауст»), Ф. Шиллер, Муҳаммад Иқбол, Улфат, С. Есенин, Р. Ҳамзатов, Л. Украинка, А. Блок ва дигаронро ба ӯзбекӣ баргардон кардааст.

Осори худи Эркин Воҳидов низ ба забонҳои олмонӣ, фаронсавӣ, русӣ, англисӣ, урду, ҳиндӣ, тоҷикӣ ва ғ. тарҷума шудааст. Эркин Воҳидов вакили Шӯрои Олии Ӯзбекистон (1990-95) ва намояндаи Маҷлиси Олии Ӯзбекистон (1995; раиси Кумитаи байналмилалии парламент) ва дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Ҳамза (1983) мебошад.

Адабиёт

вироиш
  • Ӯзбекистон миллий энциклопедияси. 2 жилд. Тошканд, 2001.

Сарчашма

вироиш