Эспарсе́т, қатраборон (лот. Onobrýchis) — ҷинси рустаниҳо аз оилаи лӯбиёиҳо. То 150 намудаш маълум аст[2].

Эспарсет
Эспарсети мунҷбарг
Эспарсети мунҷбарг
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Onobrychis Mill., 1754
Номенклатурный тип

Синонимҳо: Dendrobrychis (DC.) Galushko, Xanthobrychis Galushko

Тавсифоти гиёҳшиносӣ

вироиш
 
Тухм ва мева

Системаи решаи он тиррешаи хеле инкишофёфта буда, то 3—4 м ва аз он зиёдтар чуқур зери хок меравад. Пояҳояш аз 50 то 120 см қад доранд ва пашмакдор, сершох буда, буттааш зич ё каме парешонбутта мебошанд. Пояашон холӣ холӣ ё бо бофтаҳои паренхимӣ пур аст[3].

Баргаш тоқа-тоқа буда, аз 7—16 баргча иборат аст. Баргчаҳо элипсшакл, тухмшакл ё нештаршакл мешаванд. Раги мобайнии баргчаҳо аз қади онҳо дарозтар аст. Канори баргҳо яклухт. Тарафи чаппаи баргҳояш нобаробарпашмак дорад ё серпашмак мебошад[3]

Тӯдагулаш дароз буда, гулаш гулобии тобишҳои гуногун дорад. Думчаи гулаш кӯтоҳ аст. Дарозии тоҷгулаш аз 6 то 12 мм мебошад. Ранги тоҷгулаш аксар гулобӣ буда рахҳои кӯндаланги бештар сиёҳтоб дорад[3].

Мевааш нимлӯнда ё тухмшакли кунҷдор буда ғилофакҳояш яктухма ва намекафидагӣ мебошанд. Ғилофакҳо бӯрранг, қаҳваранг, хокистарранги сабзтоб мешаванд. Сатҳаш бурмадор аст. Андозаи ғилофакҳояш 6—8 мм мешавад. Вазни 1000 дона тухмаш 18—25 г аст[3].

Корбурд

вироиш

Эспарсет, ба монанди юнучқа алафи бисёрсолаи ғилофакдор буда, барои беда, орди беда, хуроки сабз, тарбеда силос ва чаронидани чорво истифода бурда мешавад. Эспарсет аз ҷиҳати қимати хурокиаш аз юнучқа хеле бартарӣ дорад, аз ҷиҳати миқдори протеини ҳазмшаванда бошад, ба он наздик аст[4].

  1. Об условности указания класса двудольных в качестве вышестоящего таксона для описываемой в данной статье группы растений см. раздел «Системы APG» статьи «Двудольные».
  2. Onobrychis. Бойгонӣ шудааст 5 сентябри 2017  сол.The Plant List
  3. 3.0 3.1 3.2 3.3 Қосимов Д. Қ., Крейдик Б. М., Невзоров В. В. Зироатҳои Тоҷикистон. (Тарҷ. А. Ҳайдаров). — Д.: «Ирфон», 1975. — С. 224. — 280 с.
  4. Қосимов Д. Қ., Крейдик Б. М., Невзоров В. В. Зироатҳои Тоҷикистон. (Тарҷ. А. Ҳайдаров). — Д.: «Ирфон», 1975. — С. 222. — 280 с.

Адабиёт

вироиш
  • Шмальгаузен И. Ф. Флора Средней и Южной России, Крыма и Северного Кавказа. Руководство для определения семянных и высших споровых растений. Киев, тип. т-ва печ. дела и торг. И. Н. Кушнерев и Ко в Москве, Киевск. отд-ние. Т. 1. Двудольные свободнолепестные. 1895. С. 259.