Эшони Файзи Алам
Эшони Файзи Алам (соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири тоҷик (охири садаи XIX — ибтидои садаи XX).
Тахаллусҳо: | Алам |
---|---|
Номи пурра | Эшони Файзи Алам |
Зодгоҳ: | деҳаи Дуоби Муъминобод |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | тоҷикӣ |
Зиндагинома
вироишДар деҳаи Дуоби ноҳияи Муъминобод зиндагӣ ва эҷод кардааст. Аввал дар мадрасаи деҳаи Ғеши Муъминобод, баъдан дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил кардааст.
Ашъораш
вироишДар девони ашъораш (5 500 байт) шеърҳояш дар анвои гуногун — ғазал, қасида, рубоӣ, маснавӣ ва ғайра фароҳам омадаанд. Дар пайравӣ ва сабку услуби гузаштагон — Ҳофиз, Ҷалолуддини Балхӣ, Бедил ва дигарон ғазал гуфтааст. Дар ғазалиёташ ба мавзӯъҳои ирфон, тасаввуф, панду андарз, ситоиши ахлоқи ҳамида, дурӣ ҷустан аз фиребу найранг, бо меҳнати ҳалол нон хӯрдан ва ғайра дахл кардааст. «Мунтахабот»-и Алалия соли 2008 бо кӯшиши Б. Латифов ба табъ расидааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Латифов Б., Таносуби сухан дар шеъри Алам, «Адаб», 2008, № 1.
Сарчашма
вироиш- Алам Эшони Файз // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.