Юнус Бобоев
Юнус Бобоев (тав. 1920, ноҳияи Панҷакент – ваф. 1994, ш. Душанбе), муаллими фанни таърихи сиёсӣ, иштирокчии Ҷанги Бузури Ватанӣ.
Юнус Бобоев | |
Таърихи таваллуд | 1920 |
Зодгоҳ | ноҳияи Панҷакент, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 1994 |
Маҳалли даргузашт | Душанбе, Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | таърих |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко |
Ҷоизаҳо | «Муаллими хизматнишондодаи мактаби ҶШС Тоҷикистон», орденҳои «Ҷанги Бузурги Ватанӣ», «Александр Невский» |
Зиндагинома
вироишСолҳои 1939–1940 муаллим ва директори мактаби ибтидоии ноҳияи Панҷакент, 1941–1946 афсари Артиши Шӯравӣ, 1947–1948 инструктори шуъбаи ташвиқотии ҳизби коммунистии вилояти Сталинобод, 1948–1950 шунавандаи мактаби ҳизби коммунистии назди КМ ҲК Тоҷикистон, 1950–1956 муаллими таърихи ҲКИШ-и мактаби ҳизби қоммунистии назди КМ ҲК Тоҷикистон буд. Соли 1954 факултети таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкоро хатм кардааст. Солҳои 1956–1960 ҳамчун муовини директори мактаби ҳизби коммунистии назди КМ ҲК Тоҷикистон, 1961– 1962 муовини раиси ҷамъияти «Дониши»-и ҶШС Тоҷикистон, 1962–1964 котиби озоди ташкилоти ибтидоии ҳизби коммунистии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко, 1964–1967 муаллими калони кафедраи таърихи ҲКИШ, 1967–1979 котиби озоди ташкилоти ибтидоии ҳизби қоммунистии донишкадаи омӯзгории пойтахт, 1979–1994 муаллими калони кафедраи таърихи сиёсии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор кардааст. Бо орденҳои «Ҷанги Бузурги Ватанӣ», «Александр Невский», унвони «Муаллими хизматнишондодаи мактаби ҶШС Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳои фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.