Юсуф Нуралиев
Юсуф Нуралиев (Нуралиев Юсуф Нуралиевич; 5 октябри 1936, ноҳияи Дарвоз, ҶШС Тоҷикистон — 11 майи 2023, Душанбе, Тоҷикистон) — дорушинос, доктори илмҳои тиб (1973), профессор (1976), академики Академияи байналмилалии муҳандисӣ (1996), академики ифтихории Академияи илмҳои тибби ҶИЭ (1999).
Нуралиев Юсуф Нуралиевич | |
| |
Таърихи таваллуд | 5 октябр 1936 |
Зодгоҳ | деҳаи Нулванди ноҳияи Дарвоз, ВАКБ, ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт | 11 май 2023 (86 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | дорушиносӣ, гиёҳшиносӣ, пизишкӣ |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои тиб |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (1961) |
Ҷоизаҳо | Медали тиллои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (2003) |
Зиндагинома
вироишЮсуф Нуралиев 5 октябри соли 1936 дар деҳаи Нулванди ноҳияи Дарвоз ба дунё омадааст[1]. Хатмкардаи Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (1961). Ординатор (1961—1962), аспирант (1963—1966), ассистенти кафедраи фармакологияи Институти давлатии тиббии Тоҷикистон (1967—1968), докторанти Институти давлатии тиббии санитарию беҳдошти Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург; 1969—1972), мудири шуъбаи фармакологияи таҷрибавии Институти гастроэнтерологияи АИ ҶШС Тоҷикистон (1973—1996), ходими пешбари шуъбаи таърихи илми Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (1996—2005) буд. Аз соли 2005 директори Институти омӯзиши тибби Сино ва фармокология.
Пажӯҳиш ва таълифот
вироишЮсуф Нуралиев муаллифи беш аз 350 асару мақолаҳои илмӣ аз ҷумла 17 китоб аст. Таълифоти ӯ асосан дар мавриди омӯзиши хосияти табобатии рустаниҳои доруии Тоҷикистон, мумиё ва хосиятҳои шифоии он, ҷустуҷӯи доруҳо барои муолиҷаи бемориҳои ҷигар, меъда, диабети қанд, инчунин тибби халқӣ, таърихи тибби тоҷик мебошанд. Баъзе мақолаҳои марбут ба гиёҳҳои шифобахши «Энсиклопедияи советии тоҷик» ба қалами ӯ тааллуқ доранд.
Юсуф Нуралиев якҷоя бо шогирдонаш хосияти шифобахшии тақрибан 100 гунаи рустании доруии Тоҷикистонро мавриди тадқиқу омӯзиш қарор дода, дар заминаи онҳо зиёда аз 20 доруи нав таҳия кардааст (гепатола, гепатолис, Синолон, Розибет, юнибет, фитобет ва ғ.).
Юсуф Нуралиев яке аз аввалин олимоне мебошад, ки ба мактаби тиббии ниёгони халқи тоҷик аз нигоҳи тибби муосир баҳои илмӣ додаанд. Саҳми ӯ дар омӯзиши тибби Авесто ва рӯзгору таълифоти Абӯалии Сино низ арзанда аст.
Солҳои охир Юсуф Нуралиев дар ҳамкорӣ бо профессор Масъуди Миршоҳӣ ба омӯзиши бемории саратон ва мубориза бо он машғул буд[2].
Ҷоизаҳо
вироишБо медали тиллои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ сарфароз гардидааст (2003).
Даргузашт
вироишЮсуф Нуралиев 11 майи соли 2023 дар шаҳри Душанбе дар 87-солагӣ даргузашт[2].
Осор
вироиш- Медицина эпохи Авиценны. Д., 1980;
- Медицинские трактаты Авиценны. Д., 1982;
- Лекарственные растения. Новгород, 1991;
- 110 доруи Ибни Сино ё формотерапияи санги гурда. Д., 1998
Эзоҳ
вироиш- ↑ НУРАЛИЕВ Юсуф Нуралиевич. centrasia.org. ЦентрАзия. 11 май 2023 санҷида шуд.
- ↑ 2.0 2.1 Даргузашти профессор Юсуф Нуралиев — идомадиҳандаи мактаби тиби Сино. Pressa.tj. Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» (11 май 2023). 11 май 2023 санҷида шуд.
Адабиёт
вироиш- Нуралиев Юсуф Нуралиевич // Мавиз — Психология. — Д. : СИЭМТ, 2012. — С. 52. — 512 с. — (Энсиклопедияи мухтасари тиб : [дар. 5 ҷ.] / сармуҳаррири илмӣ У. А. Қурбонов ; 2011—2012, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-45-3