Ягонаи Насафӣ
Ягонаи Насафӣ (қарни XVII) — шоири форс-тоҷик.
Навъи фаъолият: | шоир |
---|
Зиндагинома
вироишЯгонаи Насафӣ дар доираи адабии Бухоро камол ёфт. Малеҳои Самарқандӣ ашъори Ягонаи Насафиро бисёр матин ва афкорашро натиҷаи доноию хирадмандӣ гуфта, ба санъати сухани ӯ баҳои баланд додааст. Бино ба қавли ӯ шеърҳои Ягонаи Насафӣ «аз матлаъ то мақтаъ ба бадоеи саноеъ музайян ва аз аввал то ба охир ба наводири мавзунӣ мулавван» будаанд. Ягонаи Насафӣ махсусан маснавӣ ва таъриху муамморо неку месурудааст.
Мероси адабӣ
вироишӮ қиссаи ишқии «Сайфулмулук ва Бадеъулкамол»-ро, ки дар байни мардум ба шакли наср машҳур буд, тақрибан дар ҳаҷми 4000 байт бо камоли ҳунармандӣ ба риштаи назм кашидааст. Ягонаи Насафӣ инчунин илмҳои арӯзу қофияро хуб медонистааст. Ашъораш нам боқӣ мондаанд. Малеҳо дар тазкирааш аз як ғазали ӯ ин се байтро намуна овардааст:
Аз ситамҳои ту гардид эътиқодам бештар,
Мешавад аз ноумедиҳо умедам бештар.
Мешавад қуфли дари мақсуди манн барбастатар.
То ба дасти сайъ меояд калидам бештар.
Кор ҳамчун ғунчаи ин боғ бар ман танг шуд,
Ҷайби тоқат бар тани худ то даридам бештар.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Ягонаи Насафӣ / С. Саъдиев // Муҳит — Плеханов. — Д. : СИЭСТ, 1984. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 5).