Ян Верме́ер (Верме́ер Де́лфтский, ҳол. Jan Vermeer van Delft ё Шаблон:Lang-nl2 [ˈjɑn vərˈmeːr]АОБ; октябри 1632[1][2][3][…], Делфт[d], County of Holland[d], Dutch Republic[d][4][5][6]15 декабр 1675[1][3][7][…], Делфт[d], County of Holland[d], Dutch Republic[d][9][2][6]) — яке аз маъруфтарин наққошони ҳолландии давраи барокко ва аз поягузорони даврони тилоии ҳунари Ҳолландия дар асри 17.

Ян Вермеер
ҳол. Johannes Vermeer
фр. Johannes Vermeer
Суратҳо
Таърихи таваллуд октябри 1632[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 15 декабр 1675(1675-12-15)[1][3][7][…] (43 сол)
Маҳалли даргузашт
Мамлакат:
Жанр наққошии саҳнаҳои худмонӣ[d][8] ва такчеҳра[8]
Имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Дар шаҳри Делфт кору зиндагӣ кардааст. Дар асарҳои аввалинаш, ки зери таъсири сабки бароккои итолиёӣ эҷод карда буд («Диана бо париён», «Масеҳ дар хонаи Марям ва Марфа»; ҳар ду — дар миёнаҳои солҳои 50 асри 17), ба мавзӯъҳои асотирию динӣ мароқ дошт. Баъдан ба образҳои маишӣ рӯ овард ва саҳнаҳои мақбули ошиқона ва ё маъмулан содаву аксаран яксимоӣ офарид, ки аз ҷозибаи ниҳоят нозуки лирикӣ саршор буданд. Намунаи осори беҳтарини ӯ (дар охири солҳои 50-70 асри 17): «Духтари ширдӯш», «Бонуе бо гарданбанди марворид», «Зани ҷавон дар хоб». Ҳамчунин манзараҳои шаҳрро тасвир намудааст («Намуди шаҳри Делфт», «Кӯча»). Маъниҳои рамзию пурэҳсоси эҷодиёти Ян Вермеер дар «Коргоҳи рассом» (1665), ки заҳмати рассомро маҷозан ситоиш менамояд, фасоҳати махсус пайдо кардаанд.

Адабиёт

вироиш