Барокко (итол. barocco — бошукӯҳ) — услубест дар санъати тасвирӣ, меъморӣ ва ҳайкалтарошӣ.

Самсон (фаввора, Петергоф)

Таърих

вироиш

Нимаи дуюми садаи XVI дар Аврупо пайдо шуда, садаи XVII ва нимаи аввали садаи XVIII дар Итолиё, Испания, Фаронса ва Олмон инкишоф ёфтааст. Барроко дар заминаи маданияти дворянӣ ба ҷойи санъати давраи Эҳё паҳн шудааст. Барроко санъати мураккабу гуногунҷанбае буда, назариётчиёни он зебоиро категорияи идеалӣ донистаанд ва васф намудаанд. Дар барроко ғояҳои инсонпарвариву тасаввуроти пешқадами давраи Эҳё ва санъати готика то дараҷае нигоҳ дошта шудаанд.

Меъморӣ

вироиш
 
Карло Мадерна Калисои Муқаддаси Сусанна, Рим

Барроко пеш аз ҳама дар санъати меъморӣ ҷорӣ шуд. Бо услуби барроко қасру кӯшкҳои бузургу муҳташам, ибодатхонаҳо, кӯчаву гулгашту хиёбонҳо ва ансамблҳои майдону боғҳо сохта мешуданд, ки бо меъмории мураккабсохту бузургандоза ва шаҳомати худ фарқ мекарданд. Ин услуб бештар дар сохтмони маъбадҳо барои ифодаи иқтидору салобати онҳо (масалан Ибодатхонаҳои Сант Андреал Квариам ва ибодатхонаҳои ҳазрати Пётр, меъмор Л. Бернини, шаҳри Рим) истифода мешуд. Дохили иморатҳои муҳташами бо услуби меъмории барроко биноёфта бо расмҳои калони зебо, ҳайкалҳои назаррабо, сутунҳои кандакорӣ, оинаҳои мухталифшаклу навиштаҷоти хушрангу дилоро ва нақшу нигорҳои рангоранги назарфиреб оро дода мешуданд. Дар Итолиё ансамблҳои меъмории бо услуби барроко сохтаи К. Мадерня, Л. Бернини ва Ф. Борромини маълуму машҳуранд. Талқини образҳо, муболиғот, ба ҳам омехтани санъати воқеиву хаёлӣ, тасвири ҳаяҷонбахши расму ойин ва ҳодисоти динӣ хосси барроко мебошанд.

Қаср ва ансамблҳои меъмории бо услуби барроко сохташудаи меъморони рус А. В. Растрелли, Д. В. Ухтомский ва дигарон дар шаҳри Санкт-Петербург ва атрофи он то ҳол барҷоанд.

Барокко дар ҳайкалтарошӣ

вироиш
 
Трир. Барочный сфинкс назди қасри курфюрста
 
Паканаҳои барокӣ дар Хофгартени Аугсбурга

Барокко дар адабиёт

вироиш

Барроко дар нимаи дуюми садаи XIX ба адабиёт ва аввали садаи XX ба мусиқӣ низ таъсир расонд. Ашъори Гонгора ва фоҷиаҳои П. Калдерон, насри Тирсо де Молина (Испания), шеърҳои Т. Тассо ва Ҷ. Марино (Итолиё), фоҷиаҳои А. Грифиус (Олмон), драмаҳои баъдинаи В. Шекспир намунаҳои баррокои адабиёт мебошанд. Дар Россия С. Полоский, С. Медведев, Ф. Прокопович, М. В. Ломоносов ва дигарон дар услуби барроко асарҳо эҷод кардаанд. Хусусияти асосии санъати тасвирии рассомони рус муроҷиат ба образи одами эҷодкор мебошад.

Барроко дар мусиқӣ

вироиш

Дар санъати мусиқӣ барроко дар офаридаҳои Ҷ. Габрнели, Р. Кейзер, А. Букстехуне, И. Кунау ва дигарон равшан инъикос ёфта буд.

Адабиёт

вироиш
  • Власов В. Г. Новый энциклопедический словарь изобразительного искусства: В 10 т. — Т.2. — СПб.: Азбука-Классика, 2004. — С.53-84.
  • Власов В. Г. Искусство России в пространстве Евразии. — Т.2. Классическая архитектура и русский классицизм. — СПб.: Дмитрий Буланин, 2012. — С.7-104.
  • Мерцалова М. Н.. Костюм разных времен и народов. Том 2, СПб, 2001
  • Огюст Расине. Иллюстрированный атлас истории моды. М.:Эксмо, 2007
  • Герман Вейс. История культуры народов мира. М.:Эксмо, 2005
  • Новая российская энциклопедия, том 2, М., 2005
  • Изобразительное искусство. Музыка(справочник),М.:"Современник", 1997
  • Краткий словарь литературоведческих терминов, ред. С. В. Тураев, Л. И. Тимофеев, М., 1978
  • Дасса, Ф. Барокко. Архитектура между 1600 и 1750 годами, Москва, 2004, ISBN 5-17-012360-4
  • Барбье П. Венеция Вивальди: Музыка и праздники эпохи барокко = La Venise de Vivaldi: Musique et fêtes baroques. — СПб.: Издательство Ивана Лимбаха, 2009. — С. 280. — ISBN 978-5-89059-140-1.
  • Maravall J.A. La cultura del Barroco. Análisis de una estructura histórica (1975, переизд. 2002, 2011; англ. пер. 1986)

Пайвандҳо

вироиш

Сарчашма

вироиш