Ғайбат
Ғийбат (ар. غيبة – пушти сари касе дар бораи ӯ бадгӯӣ кардан), ғайбат, зиштёд, дар илми ахлоқ сухан гуфтани касе дар бораи каси дигар дар ҷое, ки ӯ ҳузур надорад; фош кардани айби ҷисмонӣ ё сифати ахлоқии касе, ки чун онро шунавад, нороҳат шавад, агарчи рост аст.
Эй касоне, ки имон овардаед! Аз гумонҳои зиёд худдорӣ кунед, зеро баъзе гумонҳо гуноҳ аст. Бар якдигар ҷосусӣ макунед ва аз паси якдигар бадгӯӣ накунед. Оё касе аз шумо аз хӯрдани гӯшти бародари мурдаи худ ҳаловат мебарад, агар аз он нафрат дошта бошед? Аз Худо битарсед! Албатта Худо тавбаҳоро қабулкунанда ва меҳрубон аст! |
Ба қавли Муҳаммад Ғаззолӣ («Кимиёи саодат»), ғийбат «он бувад, ки ҳадиси касе кунӣ андар ғайбати вай, ки агар бишнавад, вайро кароҳият ояд, агарчи рост гуфта бошӣ ва агар дурӯғ гуфта бошӣ, онро зӯр ва буҳтон гӯянд ва ҳар чӣ ба нуқсони касе бозгардад ва он гӯӣ, ғийбат аст, агарчи дар насабу ҷома ва андар сутур ва андар сарой ва андар кирдори вай гӯӣ».
Шартҳои ғийбат ба ҳисоб рафтани сухан дар бораи касе:
1) фарде, ки дар борааш сухан меравад, дар он ҷо ҳузур надошта бошад;
2) он сухан айб ва нақс маҳсуб шавад;
3) он айб аз айбҳои пинҳон бошад;
4) фард аз шунидани он чи дар мавриди ӯ гуфта мешавад, эҳсоси нороҳатӣ ва кароҳат намояд.
Ғийбат танҳо бо лафз шакл намегирад, балки дар бисёр мавридҳо бо ҳаракати аъзои бадан ҳам сурат мегирад. Гумони бад бурдан ба касе, бе он ки аз вай ба чашм чизе бинӣ ё ба гӯш шунавӣ, ё яқин донӣ, низ дар шумори ғийбат аст. Ғийбат ба тадриҷ ба сурати як бемории равонӣ дармеояд, ба гунае ки ғийбаткунанда ба нишон додани нуқоти заъфи касе пардохта, ба ин васила мехоҳад ӯро дар назари мардум ночиз ҷилва диҳад ва худро хуб муаррифӣ намояд. Ӯ аз ин кори худ лаззат мебарад ва аз он, ки пайваста обрӯи ину онро резонда, онҳоро дар назари мардум беэътибор мегардонад, эҳсоси хушнудӣ мекунад. Ангезаҳое монанди бухл, ҳасад, бадгумонӣ, хашму ғазаб, кинатузӣ, адоват, худбартарбинӣ заминасози ғийбат буда метавонанд.
Аз нигоҳи шариат, ғийбат ҳаром ва гуноҳи кабира буда, зишттар аз зино ба шумор меравад. Яке аз ҳикматҳои ҳаром эълон гардидани ғийбат ин аст, ки бояд обрӯи инсон ҳифз гардида, ҳурмати шахс нигоҳ дошта шавад. Дар Қуръон (49:12) ғийбат ба хӯрдани гӯшти бародари мурдаи худ монанд карда шудааст. Тибқи ҳадис, ҳар кас аз мард ё зани мусулмоне ғийбат кунад, Худованд то чиҳил шабонарӯз намозу рӯзаи ӯро намепазирад, магар ин ки ғийбатшаванда ӯро бибахшад; худдорӣ аз ғийбат дар назди Худо аз ҳазор ракъат намози нофила маҳбубтар аст. Шунавандаи ғийбат ҳам дар ғийбат шарик буда, гуноҳи шунавандаи ғийбат бузургтар аст, зеро агар ғийбаткунандаро бознадорад, ӯ ҳарис гашта, ин амалашро дар дигар ҷойҳо низ такрор мекунад. Дар чанд маврид фақеҳон ғийбатро ҷоиз шумурдаанд, аз ҷумла: ғийбат аз касе, ки ошкоро дар пеши чашми мардум гуноҳ мекунад ва аз он боке надорад; шикояти мазлум аз золиме, ки ба ӯ ситам кардааст ва баёни зулме, ки ба ӯ шудааст; гувоҳӣ додан ва далел овардан; гуфтани айби молу маҳсулот ҳангоми фурӯхтани он ва ғайра.
Саъдии Шерозӣ ҳадисеро дар ин маврид чунин тазмин кардааст:
Се касро шунидам, ки ғийбат равост
В-аз ин даргузаштӣ, чаҳорум хатост.
Яке подшоҳе маломатписанд,
К-аз ӯ бар дили халқ бинӣ газанд.
Ҳалол аст аз ӯ нақл кардан хабар,
Магар халқ бошанд аз ӯ барҳазар.
Дувум, парда бар беҳаёӣ матан,
Ки худ медарад парда бар хештан!
Зи ҳавзаш мадор, ай бародар, нигоҳ,
Ки ӯ медарафтад ба гардан ба чоҳ!
Севум кажтарозуи норостхӯй,
Зи феъли бадаш ҳар чӣ донӣ, бигӯй!
Ғийбат яке аз сифатҳои зишту нописанди ахлоқӣ буда, боиси аз байн рафтани иззату обрӯи инсон мегардад. Оқибатҳои иҷтимоии ғийбат: эҷоди рӯҳияи бадбинӣ ва кинаву адоват, намондани эътимод миёни ҳамдигар ва ҳисси бовар дар байни афроди як ҷомеа, аз байн рафтани ваҳдату якдилӣ, беобрӯшавӣ, сар задани хархаша ва ҷангу ҷидол ва ғийбат Шахсе, ки пушти сари ӯ бадгӯӣ шуда, аз ин ки рози вай фош гаштаву обрӯяш рехтааст, сахт асабонӣ мешавад ва оташи кинаву адоваташ барафрӯхта, дар пайи интиқомгирӣ меафтад.
Ҳамчунин нигаред
вироиш- Тӯҳмат
Эзоҳ
вироиш
Пайвандҳо
вироиш- Этика. Энциклопедический словарь/Под редацией Р. Г. Апресяна и А. А. Гусейнова. М., 2001;
- Ғаззолӣ Муҳаммад. Кимиёи саодат. Д., 2008;
- الموسوعة الفقهية. الجزء الحادي و الثلاثون. الكويت، 1994؛ عثماني محمد شفيع. تفسيرمعارف القرآن. تهران، 1390ش.ر
- Ализаде А. А. Гыйбат // Исламский энциклопедический словарь. — М. : Ансар, 2007. — ISBN 978-5-98443-025-8. (CC BY-SA 3.0)
- Камаль Эль Зант Аль-гыйба — хула // Нравы мусульманина. Часть 2