Ғайратҷон Раҷабов
Ғайратҷон Ашурович Раҷабов (тав. 15.06.1948, ҷамоати Пӯлодони н. Конибодом) — олим, номзади илмҳои физикаю математика (1980), дотсент (1982). «Аълочии маорифи Тоҷикистон».
Ғайратҷон Раҷабов | |
Таърихи таваллуд | 15 июн 1948 (76 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Конибодом ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | математика |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои физика ва математика |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Ҷоизаҳо | «Аълочии маорифи Тоҷикистон», «Аълочии мактаби олии СССР» |
Зиндагинома
вироишҒайратҷон Раҷабов соли 1966 ба факултети математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дохил шуда, онро дар соли 1971 бо дипломи аъло хатм намудааст. Фаъолияти ӯ 1971 дар шуъбаи математикаи АИ Тоҷикистон оѓоз ёфт. Солҳои 1971-1972 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ хизмати ҳарбиро баҷо овард. Аз соли 1972 дар 594 Донишкадаи омӯзгории ш. Душанбе фаъолияти меҳнатии худро идома дод. Солҳои 1976-1979 дар аспирантураи Донишгоҳи давлатии Қазон таҳсил намуда, 10 январи 1980 рисолаи номзадиро дар мавзуи “Геометрия ва ҳаракат дар фазоҳои зичии векторӣ дошта» ҳимоя намуд. Тадқиқоти ӯ ба соҳаи геометрияи дифференсиалии фазоҳои умумикардашуда мутаалиқаст. Солҳои 1980-1993 ба ҳайси муаллими калон, дотсент ва мудири кафедраи геометрияи Донишкадаи омӯзгории ш. Душанбе ва солҳои 1993-2001 мудири кафедраи фанҳои табиӣ ва техникии Донишгоҳи тиҷоратии Конибодом дифои вазифа намудааст. Аз соли 2001-2010 дотсент, мудири кафедраи математика ва информатикаи ФХДТТ ва баъд аз муттаҳидшавии ду филиал аз соли 2010 то 2012 мудири кафедраи математикаи олӣ, 2012-2013 декани факултети муҳандиси-энергетикӣ ва аз соли 2013 дотсенти кафедраи математикаи олии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар ш. Хуҷанд мебошад. Муаллифи зиёда аз 80 мақолаҳои илмӣ-методӣ ва дастурҳои таълимӣ. Бо ифтихорномаҳои Вазорати маориф, ҳукуматҳои ш. Душанбе ва ш. Хуҷанд, нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва «Аълочии мактаби олии СССР» қадр гардидааст.