Ғаниҷон Муҳаммадов
Ғаниҷон Каримович Муҳаммадов (20.09.1949, ш.Ленинобод), биолог, доктори илми биология (1994), профессор (1996).[1]
Ғаниҷон Каримович Муҳаммадов | |
Таърихи таваллуд | 20 сентябр 1949 (75 сол) |
Зодгоҳ | ш. Хуҷанд |
Фазои илмӣ | олим |
Зиндагинома
вироишҒаниҷон Каримович Муҳаммадов ДДОЛ ба номи С.М.Кировро хатм кардааст (1971). Лаборанти кафедраи анатомия, физиологияи одам ва зоология (1971-74), аспиранти Донишгоҳи давлатии Ленинград (1974-81), сармуаллим, дотсенти кафедраи зоология (1981-87), мудири кафедраи анатомия ва физиологияи одами ДДОЛ-ДДХ (1987-90), мудири кафедраи биологияи факултаи тиббии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров (1991-1992), ходими калони илмӣи АИ Русия дар ш.Санкт-Петербург (аз с.1992). Сохаи тадқиқоти Муҳаммадов хусусиятҳои тараккиёт ва афзоиши трематодаҳои партеногенетикиро дар бар мегирад. Муаллифи 18 мақолаи илмӣ ва илмӣю методи аст.