Ғафлат (ар. غفلة‎ – бехабарӣ, фаромушӣ; бепарвоӣ, саҳлангорӣ) — дар тасаввуф яке аз сифатҳои замима, ҳиҷоби бузурге, ки солики тариқат ҳангоми сайру сулук бо он рӯбарӯ мегардад.

Бештари мардум ҳам ба он дучор мешавад. Ба қавли Ғаззолӣ, наваду нуҳ дар сади халқ дар ғафлати маҳз рӯзгор ба сар мебаранд. ғафлат барои толибони ҳақиқат азоби хеле дарднок аст, зеро монеи мақсад ва ҳадафи онҳо мегардад. Рафъи он ба зикри пайваста ва тавассул ба пири комил муяссар мегардад, ки соликро бо иршод ва роҳнамоиҳои худ аз ин вартаи ҳалокат мераҳонад.

Ба андешаи Бобо Тоҳир, ғафлат дорои се мартаба аст: ғафлати содиқон, ғафлати орифон ва ғафлати ғофилон. ғафлати содиқон таваҷҷуҳ ба зикр ва ғафлат аз мазкур ва ғафлати орифон тарки амру дастурҳои илоҳӣ, аммо ғафлати ғофилон он аст, ки Худованд олимонро муҳлат медиҳад, ки аз илми худ ғафлат намоянд. Ҳар ки лаҳзае аз Худо ғофил бошад, исён варзида, гунаҳкор аст ва ҳар ки аз нафси худ ғофил гардад, ӯро куштааст ва инсони сутуда аст. Аз нигоҳи Ибни Арабӣ, ғафлат ҳиҷобе аст, ки аз миён бардошта намешавад ва рафъаш муҳол аст; агар ҳиҷоби ғафлат бардошта шавад, рози рубубият ботил хоҳад гашт. Ҳушёрӣ пояи ҳар хайру некӣ ва ғафлат асоси ҳар шарру бадӣ аст. Басо афроде, ки ҳушёру бедоранд, дар ҳоле ки воқеан ғофиланд. Табиист, ки шахс намехоҳад аз ҳушёрӣ ғофил гашта, ба ғафлат унс гирад. Ошкортарин нишонаҳои ҳушёриву бедорӣ ғаму андуҳ ва ҳузн, аммо намоёнтарин аломатҳои ғафлат шодии аз ҳад зиёд ва сармастӣ дониста мешавад.

Адабиёт

вироиш
  • سجادي، سید جعفر. فرهنگ اصطلاحات و تعبیرات عرفانی. تهران: طهوری، ١٣٧٠ ش.؛
  • يثربى سيد يحيى. عرفان نظرى. قم: بوستان كتاب قم،١٣٨٠ ش.

Сарчашма

вироиш