Ғаюр Ашӯр — нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2011)

Ғаюр Ашӯр
Ғаюр Ашӯри Растагор
Таърихи таваллуд: 15 ноябр 1951(1951-11-15)
Зодгоҳ: Чоряккорон, ноҳияи Рӯдакӣ
Таърихи даргузашт: 14 сентябр 2012(2012-09-14) (60 сол)
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият: нависанда, драмматург

Зиндагинома

вироиш

Ғаюр Ашӯр 15 ноябри соли 1951 дар деҳаи Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ Ленин) ба ҷаҳон омадааст. Баъди хатми синфи ҳаштуми мактаби деҳа, соли 1965, донишомӯзи Омӯзишгоҳи фарҳангу маърифати ноҳияи мазкур, баъдан (соли 1968) шогирди факултаи санъати Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко шуда, баъди хатмаш, соли 1973, дар Телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси коргардон ва муҳаррир фаъолият бурдааст. Барои намоишҳои ҳунарӣ саҳначаҳо навишта, намоишномаи адиби доғистонӣ Рамазон Қониевро аз русӣ ба тоҷикӣ баргардон ва саҳнагузорӣ кардааст. Соли 2011 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст. 14 сентябри соли 2012 аз олам даргузашт.

Эҷодиёт

вироиш

Аз ибтидои солҳои 2000-ум ба драманависӣ иштиғол варзида, солҳои 2005—2006 дар заминаи филмномааш силсилафилми «Пой дар гил» (иборат аз панҷ қисм) ба навор гирифта шудааст. Соли 2008 аз рӯи сенарияи ӯ филми ҳунарии «Қиссаи орзуҳои осмонӣ» таҳия гардидааст. Намоишномаҳои ӯ «Гурги нодон», «Дузди ҳайвондара» ва «Дод аз дасти Афандӣ» дар Театри давлатии академии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ саҳнагузорӣ шудаанд. Асарҳои дигараш, монанди «Рӯдакӣ дар Самарқанд», «Асҳоби қиёс», «Макри зан ҷуволи арзан» ва ғ. дар театрҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ пешкаши умум гардидаанд. Соли 2010 маҷмӯаи нахустини намоишномаҳояш бо номи «Рӯдакӣ дар Самарқанд» ба табъ расидааст. [1]

  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с. 51-52 ISBN 978-99947-2-379-9

Сарчашма

вироиш