Ғижжаки кӯҳистонӣ - ғижжаки кӯҳистонии дутора, косахонааш чоркунҷа.

Тоҷикон бештар ду навъи ғижжакро истифода мебурданд:

  • ғижжаки кӯҳистонии косахонааш чоркунҷа.
  • ғижжаки косахонааш доирашакл.

Мутрибони халқӣ бештар ғижжаки кӯҳистонии дутораро истифода мекунанд. Ғижжаки кӯҳистонии косахонааш чоркунҷа ба фосилаи кварта ҷӯр шуда, ду ё баъзан се тор дорад. Тори якум «ре»-и октаваи дуюм, тори дуюм «ля»-и октаваи якум ва тори сеюм «ми»-и (дар баъзе созҳо дучор меояд) октаваи якум ном доранд. Мутрибоне, ки тори сеюмро истифода мебаранд, онро баъзан бо нотаи «ре»-и октаваи якум низ ҷӯр мекунанд. Ғижжаки кӯҳистонӣ аз косахона (чӯбин, тунукагин, баъзан аз кадуҳои махсус тарошида мешавад), сутун, даста, торҳо, хараки поёнӣ ва болоӣ (остона), гӯшакхона ва гӯшакҳо иборат аст. Дарозии умумиаш-55 – 60 см. Дастаи ғижжаки кӯҳистонӣ доирашакл буда, диапазонаш аз нотаи «ми» - и октаваи якум (баъзан «ре») то «ре»-и октаваи сеюмро дар бар мегирад.

Адабиёт

вироиш

Вызго Т. С., Музыкальные инструменты Средней Азии //Исторические очерки, М., 1980; Петросян А. И., Инструментовидение// Узбекские народные инструменты, Т., 1980; Ҷумъаев Ҳ., Охунов Ҷ., Дарси ғижак, Д., 1983.

Адабиёт

вироиш