Ғино 1. Овозхонӣ, тағаннӣ. 2. Сабк, шеваи хоси овозхонӣ. 3. Иҷрои шеър ҳамроҳ бо кафзанӣ. 4. Аз анвои бозиҳоест, ки хуниёгарон ин усули иҷроиро дар ҷараёни иҷрои шеър ба кор баранд (бо кафзанию рақс). Зоҳиран муарраби хуниё аст.

Ғиносуруд: овоз, мусиқӣ, сурудгӯй, овозхон, хонанда, сароянда, мусиқидон, таснифсозро гӯянд. Шева, сабки бо кафзанӣ шеър хондан аст (овозхонии ҳамроҳ кафзанӣ):

Чаҳорум рӯз маҷлис тоза карданд,
Ғиноҳоро баландовоза карданд.

(Низомӣ)

Ғино – овози хуш, ки тарабӯ шодӣ барангезад. Нағма, сурудхонӣ. Ғино ба маънии тағаннӣ ва овозхонӣ аст, дар он сурат моҳияти бадеӣ касб менамояд, ки шеъраш дар ҳамовозӣ ба кафзанӣ, рақс анҷом гирад.

Ғиносоз: хонанда ва навозанда, овозхон, муғанниро ғиносоз номанд (ғиногар):

Магар к-он ғиносозу овози руд,
Дар он ҳин бад-ин узр гуфт он суруд.

(Низомӣ)

Адабиёт

вироиш

Анҷуманорои Носирӣ, Теҳрон, 1294; Баҳо-ри Аҷам, Деҳлӣ, 1284; Фарҳанги Ананд Роҷ, Лакҳнав, 1892; Фарҳанги Рашидӣ, Теҳрон, 1963; Фарҳанги форсӣ, Теҳрон, 1963; Фарҳанги Амид, Теҳрон, 1966; Фарҳангномаи мусиқии Эрон, Теҳрон, 1373.[1]

Нигаред низ

вироиш
  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 54 ISBN 978-99947-49-13-3