Низомии Ганҷавӣ

(Тағйири масир аз Низомӣ)

Абӯмуҳаммад Илёс ибни Юсуф ибни Закии Муайид матахаллис ба Низомӣ ва номвар ба Низомии Ганҷавӣ (форсӣ: نظامی گنجوی‎, курдӣ: Nîzamî Gencewî, نیزامی گه‌نجه‌وی‎; тақрибан 1141[1][2][3][…], Ганҷа[5]1209[1][2][4][…], Ганҷа) — шоир ва мутафаккири форс-тоҷики аҳли Озарбойҷони Эрон, яке аз устодони мусаллами шеъри форсӣ.

Низомии Ганҷавӣ
форсӣ: نظامی گنجوی
Тахаллусҳо: نظامی
Номи пурра Абӯмуҳаммад Илёс ибни Юсуф ибни Закии Муайид
Таърихи таваллуд: тақрибан 1141[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1209[1][2][4][…]
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
 Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард

Зиндагинома

вироиш

Хонадони Низомии Ганҷавӣ аз табақаи миёнаи аҳолии шаҳри Ганҷа буд. Бармаҳал аз падар ятим монда, ба тарбияи модараш уфтод. Зиндагии Низомии Ганҷавӣ баъди сари падар вазнин буд; бо шоҳибофӣ рӯз мегузаронд. Ӯ аз илмҳои замонаш — фиқҳ, калом, фалсафа, ҳайат, ҷуғрофиё, нуҷум, риёзиёт, тиб, кимиё баҳраманд гардида, аз ҷавонӣ ба шеъргӯӣ пардохта, дар байни аҳли адаб эътироф пайдо кар­да буд.

Низомии Ганҷавии тамоми умр дар Ганҷа зиста, аз шоирони замон бо Хоқонии Шервонӣ дӯстӣ дошт.

Низомии Ганҷавӣ соли 1209 дар Ганҷа даргузашт. Ҳоло дар болои турбати ӯ мақбараи муҳташаме сохта шудааст.

Мақолаи асосӣ: Хамса

Асари машҳури ӯ «Хамса» аз панҷ маснавии калон иборатаст: «Махзану-л-асрор» (1173—1180), «Хусрав ва Ши­рин» (1180—1181), «Лайлӣ ва Маҷнун» (хатм 24 сентябри 1188), «Ҳафт пайкар» (хатм 31 июни 1197), «Искандарнома» (1199—1201), ки ду қисм дорад: «Шарафнома» ва «Иқболнома».

Аз девони ашъори Низомии Ганҷавӣ, ки ба қавли Давлатшоҳи Самарқандӣ дорои 20 ҳазор байт будааст. Ғазалҳову муқаттаъоти пароканда боқӣ мондааст.

Ақидаҳо

вироиш

Низомии Ганҷавӣ дар достонҳояш ақидаҳои мутараққии замони худро ифода кардааст. Ақидаҳои иҷтимоии Низомии Ганҷавӣ ҷамъбасти ақидаҳои иҷтимоии оммаҳои меҳнаткаши асрҳои миёна — ақидаи деҳқонии адолатхоҳӣ мебо­шад. Мувофиқи ин ақоид мамлакатро бе подшоҳ тасаввур кардан мумкин нест. Подшоҳи меросист ва под­шоҳ сардори халқ аст. Подшоҳ ва вазирону ҳокимони ӯ бояд боинсофу адолатпарвар башанд. Он гоҳ халқ вазифадор аст, ки ба ин гуна под­шоҳ итоат бинамояд. Дар акси хоҳ, халқ ҳак дорад ба ҷои подшоҳи зо­лим шоҳи одил интихоб кунад. Ба ақидаи Низомии Ганҷавӣ барои ҷорӣ намудани баробариву адолат барҳам додани усули шоҳӣ шарт нест, балки бо пандомӯзӣ ва танқиди зулму золимон вазъи мамлакатдориро ислоҳ кардан имконпазир аст. Ҳокимон бояд ба сухани халқ гӯш дода, нуқсонҳои давлатдориро ба ислоҳ расонанд. Низомии Ганҷавӣ дар достони «Искандарнома» ғо­яи сотсиалиами хаёқиро ба миён гузошта, ҷамъияти феодалиро маҳкум мекунад. Ӯ ин ақидаро дар лаҳзаи «Ба мамлакати Шимол рафтани Ис­кандар», ки мардумонаш озоду баробарҳуқуқ буданд, аз номи қаҳрамони идеалӣ Искандар ифода кардааст. Наҳонбинӣ ва ақоиди фалсафии Низомии Ганҷавӣ ба шароити иҷтимоию таъ­рихии замони ӯ вобастагӣ доранд. Низомии Ганҷавӣ пайравӣ фалсафаи ҳукмрони замони феодалӣ — калом буда, «шайху-л-мутакаллимин» унвон ги­рифта аст. Ӯ худоро офаридагори оламу одам ва аввалу охири ҷаҳон медонад. Ба ақидаи ӯ замин маркази афлок буда, сайёраҳо дар атрофи он давр мегарданд:

Хабар дорӣ, ки сайёҳони афлок
Чаро гарданд гирди тӯдаи хок?

Ба ташкилоти қосибон «ахӣ» расман алоқадор будани Низомии Ганҷавӣ маълум нест, вале ғояҳои ин ташкилот дар асарҳои ӯ инъшкос ёфтааст. Низомии Ганҷавӣ инсониятдӯст ва халқпарвари бузург бу­да, бо асарҳои гаронбаҳояш ба ганҷинаи маданияти ҷаҳонӣ ҳиссан калон гузоштааст.

Омӯзиш ва пажӯҳиши осори Низомӣ

вироиш

Омӯзиши эҷодиёти Низомии Ганҷавӣ дар асри 19 оғоз ёфт. Олимони шарқшинос, адабиётшиносон — Ҳ, Э. Браун, Ризозодаи Шафақ, Шиблии Нӯъмонӣ, Забеҳуллоҳи Са­фо, Ян Рипша ва дигарон ба эҷодиёти ӯ баҳои баланд додаанд. Олими эронӣ Ваҳиди Дастгирдӣ ашъори лирикии шоирро ҷамъоварӣ ва нашр кар­дааст. Омӯзиши илмии доманадори эҷодиётл Низомии Ганҷавӣ дар замони советӣ cap шуд. Тадқиқоти мукаммал дар бораи Низомии Ганҷавӣ ба қалами Е. Э. Бертелс тааллуқ дорад. Дар Озарбонҷон оид ба эҷодиёти Низомии Ганҷавӣ тадқиқоти зиёде анҷом ёфтаанд. Олимони озарӣ матни илмии танқидии достонҳои «Хамса»- ро чоп карданд. Ҳамаи осори ӯ ба забони озарӣ тарҷума шуда­аст. Бисёр офаридаҳои ӯ инчунин ба забони дигар низ ба табъ расидаанд.

Бузургдошт

вироиш

Соли 1941 800-солагии Низомии Ганҷавӣ ҷашн гириф­та шуд. Ҳар сол дар Кировобод (собиқ Ганҷа) ҷашни солонаи Низомии Ганҷавӣ баргузор мешавад. Дар зодгоҳи шоир ва шаҳри Боку ҳайкали ёдгории ӯ гузошта шудааст. Мақбараи Низомии Ганҷавӣ дар Кировобод аст. Соли 1979 дар Киров­обод музеи Низоми Ганҷавӣ кушода шуд. Дар асосӣ достонҳои Низомии Ганҷавӣ филмҳо, пэсаҳо, балет, опера, асарҳои рассомӣ ба миён омадаанд. Дар СССР мактабҳои олӣ ва миёна, театрҳо, китобхонаҳо, кӯчаҳо ба номи Низомии Ганҷавӣ гузошта шудаанд.

  • Баҳром ва ҳафт пайкар, Сталинобод, 1941;
  • Достони «Лайлӣ ва Маҷнун», Сталинобод, 1948;
  • Ҳикоятҳо аэ «Хамса», Д., 1969.

Нигористон

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • Забебуллоҳ Сафо. Таърихи адабиёт дар Эрон. — ҷ.2. Теҳрон, 1389. — с.798—824
  • Адабиёти форсу тоҷик дар асрҳои XII—XIV, к. 1. — Д., 1976.
Бо забони русӣ
  • Крымский А. Е. История Персии, её литературы и дервишеской философии. — М., 1909