Ғори Хоҷа Исҳоқ — ғори қадимиест, дар баландкӯҳи болои деҳаи Махшевати ноҳияи Айнӣ.

Дар Ғори Хоҷа Исҳоқ устухони аз миён болои одам боқӣ мондааст. Бино ба ривояте ин устухони Хоҷа Исҳоқ ном руҳонӣ будааст. Номи ӯ дар «Маноқиби Хоҷа Исҳоқ» ном асари маҷҳул муаллифе зикр ёфтааст. Аз руи ахбори ин муаллиф Хоҷа Исҳоқ аз Ҳамадон бо ёронаш баромада, дар роҳи Самарқанд гуё ба таъқиби Ҳуҷҷоҷ дучор шудааст. Аз ин таъқибкуниҳо солҳои 70 қарни 8 (баъди 142 соли вафоти Муҳаммад) дар ғори ҳамон куҳ паноҳ мебарад ва Ғори Хоҷа Исҳоқ ном гирифтани ин ғop низ аз ҳамин ҷост. Вале ин ривоят асосе надорад, зеро сарлашкар ва ҳокмми араб Ҳуҷҷоҷ ҳануз дар аввали қарни 8 фавтидааст. Скелети боқимонда аз они шахсест, ки ба сабаби номаълуме дар ғop пинҳон шудааст; ё худ шикорчие будааст, ки ҳодисаи тасодуфӣ риштаи ҳаёти ӯро кандааст.

Адабиёт

вироиш
  • Ғори Хоҷа Исҳоқ / А. Мухторов // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).
  • Мухторов А., Мазорҳо чӣ тавр пайдо шудаанд? — Д., 1974.