Ғори Шахта
Дар ин мақола пайванд ба сарчашмаҳои иттиллот намерасад. |
Ғори Шахта – тасвирҳои рӯисангии асри санг (хазораи VII то милод) дар Помири Шарқӣ, ноҳияи Мурғоб ҷойгир аст. Ғори Шахта ба Рӯйхати ёдгориҳои бостонӣ ва меъмории Тоҷикистон дохид карда шудааст.
Санагузорӣ
вироишТасвирҳо ба давраи миёнаи асри санг - мезолит мансуб мебошанд (хазораи VII то милод). Соли 1958 аз ҷониби бостоншиноси маъруф - Владимир Александрович Ранов бозёфт ва тадқиқ шудааст.
Ҳафриёт
вироишДар девори ғор аз ранги минералии сурх иборат аз тасвири 7 ҳайвон, ки як саҳнаи мураккабро ташкил медиҳад, кашида шудааст. Ғори Шахта дар баландии 4200 м. аз сатҳи баҳр кашида шуда, баландтарин тасвири рӯисангӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Дар тасвир саҳнаи шикор сабт шудааст.