Ғоршиносӣ, спелеология (юн. σπήλαιον — «ғор», λόγος — «дониш») — як бахши илми заминшиносӣ, хусусан карст­шиносӣ, ки ба омӯзиши ғорҳо — таърихи пайдоиши он­ҳо, асотир, микроиқлим, обу наботот, боқимондаи қа­бат­ҳои маскунии асри санг, тасвирҳои рӯи шах, муҷас­самаҳо ва истифодаи феълии онҳо машғул мебошад.

Ғор дар Суис

Ғоршиносӣ дар баробари ғорҳои карстӣ, ҳамчунин ғорҳоеро мео­мӯ­зад, ки бо роҳи фарсоиш, дефлятсия, абразия, суффозия, аз таъсири қув­ва­ҳои тектоникӣ (ғорҳое, ки аз таркишҳо пайдо шудаанд), дар натиҷаи ҷорӣ ва шах шудани гудоза, об шудани ях (ғорҳои яхӣ) ба вуҷуд омадаанд. Ғоршиносӣ аз нимаи дуюми асри 19 ҳамчун илм ташаккул ёфт. Пайдоиши ғоршиносӣ, яъне илми спелеология бо номи донишманди фарон­са­вӣ Э. А. Мартел, олимони австриягӣ А. Шмидл, Ф. Краус, А. Грунд ва В. Кнебел алоқаманд аст. Дар ИҶШС бо масъалаҳои ғоршиносӣ Ин-ти умумишӯравии карстшиносӣ ва спелеологияи шаҳрҳои Перм, Уфа, Комиссияи карсту спелеологии Ҷамъияти географии ИҶШС (Ленинград) ва шуъ­ба­ҳои сершумори спе­леотуризм машғул буданд, ки фаъолияти онҳо аз ҷо­ниби шуъбаи марказии Шӯрои марказии умумиит­ти­фо­қии Иттифоқҳои касаба оид ба сайёҳӣ ва экскурсияҳо назорат мешуд. Соли 1953 Конгресси якуми Иттиҳоди байналмилалии ғоршиносӣ баргузор шуда, оинномаи он дар Конгресси 4-уми байналмилалии ғоршиносӣ дар Любляна (пой­тахти Словения) қабул гардид (1965). Ғоршиносӣ бо геология, ҷуғ­рофияи физикӣ, маъ­дан­шиносӣ, геоморфология, ҳидро­геология, ҳидро­ло­гия, метеорология, иқлим­шиносӣ, зоология, ботаника, ланд­шафт­шиносӣ, палеонтология, бос­тон­шиносӣ ва таърих пайвастагии зич дорад.

Адабиёт

вироиш