Ғуломалӣ Азҳар
Ғуломалӣ Азҳар (қарни 18) — шоири форсизабони Ҳиндустон.
Зодгоҳ: | Ҳиндустон |
---|---|
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | форсӣ |
Зиндагинома
вироишАз ҷумлаи шогирдон ва муридони Мир Шамсуддин мутахаллис ба «Фақир». Тибқи маълумоти тазкираи «Нештари ишқ» ӯ аз ҷумлаи «нозукхаёлону хуштабъони Деҳлӣ буда», ба шеъру шоирӣ дилбастагии зиёд дошт. Азҳар бештари ҳаёташро дар шаҳри Деҳлӣ гузаронида, муддате дар шаҳрҳои Азимобод ва Муршидобод низ зиндагӣ кардааст. Намунае аз ашъори ӯ:
- Намонд тоқати парвози сайри бӯстонам,
- Ситамгарон пару боли маро чаро бастанд?
- Ба ранги тавбаи фасли баҳор сангдилон
- Ҳазор аҳд ба ман бастаанду бишкастанд.
- ***
- Хоҳам шабе ба бар кашам он сарви нозро,
- Кӯтаҳ кунам фасонаи умри дарозро.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Азҳар // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.