Ғуломсарвари Лоҳурӣ

Ғуломсарвари Лоҳурӣ (форсӣ: غلام‌سرور لاهوری‎; 1837[1], Лоҳур14 август 1890 ё 1890[1], Бадр, минтақаи Мадина[d]) — до­нишманди дин, орифи суҳравардӣ, пизишк, шоир, таърихнигор ва тазкиранависи форсигӯи Ҳиндустон.

Ғуломсарвари Лоҳурӣ
Таърихи таваллуд: 1837[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 14 август 1890(1890-08-14) ё 1890[1]
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: олим, муаррих, фақеҳ
Забони осор: арабӣ, форсӣ ва урду

Зиндагинома

вироиш

Назди падараш, муфтӣ Ғуломмуҳаммад фарзанди Раҳимуллоҳи Қу­рай­шии Асадии Ҳошимӣ, ки аз пизишкони маъруфи Лоҳур буд ва аз дигар устодон улуми ҳадис, тафсир, фиқҳ, таърих, сарфу наҳв, маонӣ, ман­тиқ ва пизишкиро омӯхт. Чанде дар дастгоҳи девони Ло­ҳур хидмат кард, сипас аз мулозимат даст кашида, танҳо ба таъ­лифи асарҳо дар мавзӯъҳои гуногун машғул шуд. Маш­ҳур­тарин асари Ғуломсарвари Лоҳурӣ — тазкираи «Ха­зи­на­ту-л-асфиё» (ба фор­сӣ; солҳои таълифаш 1863-65) фарогири маълумот дар бораи шарҳи ҳоли мухтасари бузургони дин ва машои­хи суфия, баъзе силсилаҳои та­сав­ву­фӣ дар 7 боб (мах­зан) аст: 1) паёмбар (с) ва хулафои рошидин, дувоз­даҳ имом, пеш­воёни аҳли суннат ва ҷа­моат; 2) қо­дирия; 3) чиштия; 4) нақш­бандия; 5) суҳ­ра­вар­дия; 6) дигар силсилаҳои тасаввуфӣ; 7) ҳам­сарону духтарони паёмбар (с), суфизанон ва маҷ­зу­бон. Ҳам­чунин аз осори ӯст: «Ганҷинаи Сарварӣ» ё «Ганҷи таърих» (ба фор­сӣ; дар зикри паёмбар (с), хулафои рошидин, имомон, хулафои ума­вӣ ва аббосӣ, машоихи суфия, за­нони паёмбар (с), суфизанон, шоҳони Ҳинд, бархе аз сар­дорону шоирони маъруф); фарҳанги форсӣ-урдуи «Зуб­да­ту-л-луғот», маъруф ба «Лу­ғоти Сарварӣ»; «Ҷо­меъу-л-лу­ғот» (фар­ҳан­ги вожаҳои фор­сӣ, арабӣ, туркӣ ва маънои он­ҳо ба забони урду); «Гулдастаи каломот» (ба урду; дар ма­но­қиби шайх Абдулқодири Ге­ло­нӣ); асарҳои ахлоқӣ: «Ах­ло­қи Сарварӣ», маснавии «Гулшани Сар­варӣ» ва «Мах­зани ҳик­мат» (ҳар се ба урду), «Туҳфату-л-аброр» (баргардони манзуми «Панднома»-и Аттор" ба урду), «Иншои саф­дар» (маҷмӯи мактуботи фор­сӣ бо тарҷумаи урду, ки барои писаронаш Ғулом­ҳайдар ва Ғу­ломсафдар навиштааст). Табъи шоирӣ низ дошт; бо тахаллуси «Сарвар» шеър мегуфт, хусусан дар гуфтани моддаи таърих дасти тавоно дошт.

Адабиёт

вироиш