Ғулом Нуриддинов
Ғулом Нуриддинов (тав. 1913, ноҳияи Рометани вилояти Бухоро – ваф. маълум нест), омӯзгор, номзади илмҳои педагогӣ (1974).
Ғулом Нуриддинов | |
Таърихи таваллуд | 1913 |
Зодгоҳ | вилояти Бухоро, ҶШС Ӯзбекистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | педагогика |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои педагогика |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Зиндагинома
вироишФаъолияти омӯзгории ӯ аз соли 1930 сар шудааст. Соли 1930 пас аз хатми мактаби миёна дар ноҳияи Рометани вилояти Бухоро муаллими синфҳои ибтидоӣ кор кардааст. Пас аз якчанд муддат ба Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистон дохил шуда, дар он ҷо таҳсил намуд. Пас аз хатми донишгоҳ муаллими факултети коргарӣ ва ассистенти кафедраи география буд. Соли 1937 бо туҳмати беасос дар қатори 12 аспиранти фаъол ба ҳабс гирифта ва соли 1943 аз ҳабс озод карда мешавад. Солҳои 1943–1956 дар Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Бухоро кор мекунад. Соли 1956 ӯ ба Сталинобод омада, дар Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Сталинобод ба номи Т.Г. Шевченко ба фаъолияти омӯзгорӣ шурӯъ мекунад. Солҳои 1968–1972 декани факултети педагогика ва пас аз он дотсенти кафедраи педагогика ва психологияи синфҳои ибтидоии донишкадаи омӯзгории пойтахт буд. Оид ба ақидаҳои педагогии Саъдии Шерозӣ ва дигар масъалаҳои педагогика тадқиқоти илмӣ бурдааст. Муаллифи якчанд мақола ва воситаҳои таълимӣ мебошад. Ӯ яке аз тарбидиҳандагони «Луғати тафсирии педагогӣ» аст.
Осор
вироиш- Ақидаҳои педагогии Саъдии Шерозӣ, Д., 1974.