Қабулии Бухороӣ (? — қарни XVI) — шоири форс-тоҷики доираи адабии Бухоро.

Қабулии Бухороӣ

Зиндагинома

вироиш

Дар Бухоро ба камол расидааст. Пас аз таҳсили улуми расмии давр ба хидмати Шайбонихон дохил шудааст. Дар тазкираи «Музаккиру-л-аҳбоб»-и Нисории Бухороӣ андар мушоираи ӯ ба Аллоҷа ном шоирае сухан меравад. Нисорӣ ду байти дар ҷавоби шоира гуфтаи Қабулии Бухороиро овардааст (абёти гуфтаи шоира дар тазкира нестанд):

Намунаи ашъори ӯ:

Мижгони ту эй нигори раъно,
Бо мо сафи ҷанг менамояд.
Он мурғ, ки кандаи парашро,
Ишқам зада ранг менамояд.

Аз Қабулии Бухороӣ ашъори пароканда дар тазкираҳову баёзҳо боқӣ мондааст.

Адабиёт

вироиш
  • Қабулии Бухороӣ / У. Назиров // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).