Қабули Кашмирӣ
Мирзо Абдулғанӣ Қабули Кашмирӣ (?, Кашмир — 1725/26, Деҳлӣ) — шоири форсизабони Ҳиндустон.
Зиндагинома
вироишАз надимони дарбор ва яке аз дустони наздики шоир Муллошоҳи Бадахшӣ будааст. Баъдҳо аз дарбор дурӣ ҷуста, дар қалъаи куҳнаи Деҳлӣ умр ба cap бурдааст. Қабули Кашмирӣ дар шеъру шоирӣ аз шогирдони Мухлиси Кашмирӣ (ваф. байни солҳои 1713—19) ва Ҷӯёи Кашмирӣ буд. Камоли Хуҷандиро пайравӣ мекард. Дар ашъораш ба мавзуъҳои фалсафӣ, ишқӣ ва тарбиявию ахлоқӣ дахл кардааст. Муқобили таассуб, тарафдори дустона зиндагӣ кардани мардуми гуногунмазҳаб буд:
Шиъаву сунниву мулҳид нестам,
Кам касе, донад, ки ин ҳам маслакест.
Аз Қабули Кашмирӣ девоне боқӣ мондааст, ки ғазал, рубоӣ, мухаммас, маснавӣ ва қитъаҳои уро дар бар мегирад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Қабул / А. Ғаффоров // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).