Қавомии Мутарризӣ (форсӣ: قوامی مطرزی‎; Ҷамолуддин Муҳаммад ибни Абубакр; ? — 1126) — шоири форс-тоҷик.

Қавомии Мутарризӣ
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1180
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома

вироиш

Давлатшоҳи Самарқандӣ («Тазкирату-ш-шуаро») Қавомии Мутарризиро бародари Низомии Ганҷавӣ гуфтааст, вале ин хатост, чунки Низомӣ баъди вафоти Қавомии Мутарризӣ ба дунё омадааст. Аз мероси адабии Қавомии Мутарризӣ як нусхаи дастнависи девони ғазалиёту қасоид боқӣ мондааст, ки дар китобхонаи Музеи Британия маҳфуз аст.

Қавомии Мутарризӣ дар таърихи адабиёти форс-тоҷик аз ҷумлаи аввалин шоироне мебошад, ки қасидаи маснуъ ба номи «Бадоеъу-л-асҳор фӣ саноеъи-л-ашъор» сурудааст. Қасида 100 байт аст ва дар он 86 навъи санъати шеърӣ истифода шудааст. Матлаъаш ин аст:

Эй фалакро давои қадри ту бор
В-эй малакро саноӣ садри ту кор.

Шоирони асрҳои баъдина ба ӯ пайравӣ кардаанд.

Адабиёт

вироиш
  • Қавомии Мутарризӣ / У. Тоиров. // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).