Қавомии Розӣ
Бадруддин Қавомии Розӣ (форсӣ: بدرالدین قوامی رازی, мулаққаб ба Шарафушшуаро; 1097, Рай — 1165, ҳамон ҷо) — шоири форс-тоҷик.
Таърихи таваллуд: | 1097 |
---|---|
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | форсӣ |
Зиндагинома
вироишАз доираи ҳунармандони (нонвоӣ) будааст. Аз ӯ девони ашъор (тақрибан 3360 байт) боқӣ мондааст, ки дар он қасоиду ғазалиёт ва тарҷеъбандҳои шоир фароҳам омадаанд. Мавзӯи ашъори Қавомии Розӣ васфи ҳунару ҳунармандон, ситоиши ахлоқи ҳамида, қадру манзалати қаноату хоксорӣ мебошад. Ӯ худро «подшоҳи мулки қаноат» номида, тахти зару афсари гавҳарнисорро дар қаноат дида, дӯконашро аз анвои мулку боргаҳи шаҳриёт беҳтар ва номи гандумро аз ҳалвои тару шаҳду шакар хушгувортар донистааст.
Дар аксар қасидаҳояш ба мавзӯи панду насиҳат даст задааст, ки ин гувоҳи қаробати ӯ ба мардуми меҳнатӣ, ахлоқу одоб, ҷаҳонбинии онон аст. Ғазалиёти Қавомии Розӣ дар пешбурд ва равнақи адабиёти доираҳои ҳунармандӣ хидмати сазоворе кардааст. Девони Қавомии Розӣ соли 1956 дар Теҳрон ба табъ расидааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Қавомии Розӣ / А. Абдуллоев // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).