Қалъаи Душанбе
Қалъаи Душанбе — ёдгории археологӣ ва фотификатсионии мансуб ба асри XIX -ибтидои XX, ки дар тарафи рости нишебии хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе воқеъ буд. Қалъаро топографи рус Петров, ки соли 1884 ба Душанбе омада буд, тасвир кардааст. Он дар соҳили дарёи Душанбе аз гил сохта шуда, шакли чоркунҷаро дошт. Дарозии девори ҳар як тарафаш зиёда аз 100 м буд, баландии он то ба 5 м мерасид. Дар кунҷҳои девори қалъа бурҷҳо буданд. Қалъаи Душанберо аз се тараф биноҳо ва боғот иҳота мекарданд, тарафи чаҳорумаш бо дарёи Душанбе ҳамҳудуд буд. Қалъа фақат як дарвозаи мустаҳками кандакоришудае дошт. Қалъа аз се ҳавлии дарун ба дарун иборат буд. Қалъа аз соли 1907 қароргоҳи тобистонаи беки Ҳисор гардид. Баъди барпошавии Ҳокимияти Шӯравӣ дар Тоҷикистон дар он қисмҳои Артиши Сурх ҷой гирифтанд. Минбаъд қалъа тамоман хароб гардид. [1]
Пайнавиштҳо
вироиш- ↑ Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 315