Қарохониён

дудмони туркии мусулмон
(Тағйири масир аз Қарахониён)

Қарохониён (форсӣ: قراخانیان‎), Қарахониён — нахустин дудмони туркии мусулмон[1], ки дар солҳои 840—1211 бар Давлати Қарохониён ҳукмронӣ карданд. Асосгузори сулола Сатуқ Буғрохон буд.

Қарохониён
Бунёнгузор Билга Қул Қодирхон[d]
Кишвар

Хостгоҳ

вироиш

Маҳалли зуҳурашон Ҳафтрӯду Кошғар. Асли баромадашон мушаххас нест, баъзе онҳоро ба қабилаи яғмо ва гурӯҳе ба чигилу қарлуқҳо нисбат медиҳанд. Асоси ин иттиҳодро қабилаҳои чигилу яғмо ташкил медоданд. Хоқонҳои қарохонӣ лақаби «арслон» (шер; тотеми қабилаи чигил) ва «буғро» (шутури нар; тотеми қабилаи яғмо) доштанд. Лақаби хоқон ба таври меросӣ аз бародари бузург ба бародари хурд мегузашт. Аксар хонҳои қарохонӣ аз қавми яғмо буданд ва ҳамеша бо амали ғоратгарона дар миёни ҳамсоягон ҳаросу даҳшат меафканданд. Ба ин далел, таъбири «ба яғмо бурдан» то ҳол дар миёни тоҷикон ба маънои дуздӣ ва ғорат истифода мешавад. Ба қавли сайёҳ Абудулаф, чигилҳои бутпараст тахминан дар нимаи дуввуми асри 10 ба ислом гаравиданд, ки ин омил дар пешрафти сиёсии Қарохониён ва ташкили хоқонат таъсир гузошт. Маҳз дар ин давра онҳо сарзамини миёни кӯлҳои Балхашу Иссиқкӯл, водии рӯдҳои Или, Чу, Тароз, қакӯҳҳои Тиёншон ва вилояти Исфиҷобро то Утрор ишғол карда, ба хоқонии мустақил асос гузоштанд

  1. А. Ш. Кадырбаев. КАРАХАНИДЫ. Большая российская энциклопедия - электронная версия. 15 Январ 2024 санҷида шуд.

Адабиёт

вироиш