Гулобод (деҳа, н. Деваштич)
(Тағйири масир аз Қаробӯин)
Гулобод (то 2012 Қаробӯин[1]) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич. Аз Гулобод то маркази ҷамоат 3 км, то маркази ноҳия 2 км; роҳ қисман асфалтпӯш. Аҳолиаш 1085 нафар (2014), тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Суғд |
Ноҳия | Деваштич |
Ҷамоат | Деҳоти Ғазантарак |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 170 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 3464 |
Иқтисод
вироишМактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, осиёби хусусӣ, бунгоҳи тиббӣ, 3 нуқтаи савдои хусусӣ, корхонаи оҳакбарорӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: сабзавоткорӣ, чорводорӣ, ғаллакорӣ ва боғдорӣ. Заминҳо аз обанбори Даҳанасой обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулобод хоҷагии деҳқонии ба номи Абдусамад Қодиров мавҷуд аст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Постановление Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан № 305 от 29 марта 2012 года — Викитека(рус.). ru.wikisource.org. 27 ноябри 2022 санҷида шуд.
Сарчашма
вироиш- Гулобод // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2