Қаторкӯҳи Рӯшон
Рӯшон, Ғунд — қаторкӯҳест дар Помири Ғарбӣ, дар ВМКБ.
Мушаххасот | |
---|---|
Дарозӣ |
|
Паҳно | 35 км |
Нуқтаи баландтарин | |
Баландии мутлақ | 6 083 м |
Макон | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Аз водии дарёи Панҷ (наздикии шаҳри Хоруғ) то қаторкӯҳи Аличури Шимолӣ (ағбаи Марҷанай) ба масофаи тақр 120 км тӯл кашида, водии дарёҳои Бартанг ва Ғундро аз ҳам ҷудо мекунад. Баландиаш ба ҳисоби миёна 4500—5000 м, қуллаи баландтаринаш — Патхор (6080 м). Қаторкӯҳ асосан аз ҷинсҳои метаморфӣ (гнейс, варацсангҳои кристалии гуногун, мармар, кварсит) ва интрузияҳои гранитӣ таркиб ёфтааст. Теғаҳояш тези дандонадор, душворгузар. Дар қисми марказӣ ва шарқиаш пиряхҳои калон дорад. Нишебиҳояшро дараҳои танги чуқур бурида гузаштаанд. Рушон ниқоят камнаботот аст. Дар доманакӯҳхо ва нишебиҳои қаторкӯҳ набототи биёбонию нимбиёбонӣ, дар баландиҳои миёна набототи даштӣ, баъзан арча, мушол вомехӯрад. Баландкӯҳҳо бошанд, аз растанӣ қариб тамоман маҳруманд. Дар водию дараҳо дарахтони сафедор, дӯлона, буттаҳои ангат, анбарборис ва ғайра мерӯянд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Рӯшон / У. Олимов // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).