Шуғнон — қаторкӯҳест дар қисми ҷануби ғарбии Помир, дар ҳудуди ноҳияи Шуғнони ВМБК.

Қаторкӯҳи Шуғнон
?
Мушаххасот
Дарозӣ
  • 100 км
Паҳно40 км
Нуқтаи баландтарин
Баландии мутлақ5 707 м
Макон

Дар байни водии рӯдҳои Ғунд ва Шаҳдара воқеъ гашта, аз ғарб ба шарқ (аз андароби рӯдҳои Ғунд ва Шаҳдара то болооби рӯди Тукдузбулод) ба масофаи бештар аз 80 км тул кашидааст. Бараш то 50 км. Баландии қаторкуҳ ба ҳисоби миёна 4000—5000 м, нуқтаи аз ҳама баландаш — рӯди Шахӣ (5704 м). Асосан аз гранит ва ҷинсҳои метаморфии синни токембрий — гнейс, варақсангҳои кристаллӣ, мармар таркиб ёфтааст. Релйефаш мураккаби душворгузар; нишебиҳояш дараҳои тангу чуҷури бисьёре доранд. Теға ва нишебиҳои баланди қаторкуҳ бо барфу пиряхҳо (масоҳати умумии пиряхҳо 150 км²) пушида шудаапд. Бисёр шохобҳои чапи рӯди Ғунд ва рости рӯди Шаҳдара (Вархидз, Дӯзах, Друмдара, Немос ва ғайра) оби худро аз ин пиряҳо мегиранд. Набототи қаторкӯҳи Шуғнон биёбонӣ ва нимбиёбонист. Дар нишебиҳо (то баландиҳои 3700—4000 м) асосан шибоғ, шура, хори болиштак ва дар доманакуху нишебиҳои паст ҷо-ҷо дарахту буттаҳои арча, мушол меруянд. Дар нишебии шимоли ғарбӣ қаторкуҳ Боғи ботаникии Помир воқеъ гаштааст.

Адабиёт

вироиш