Қимат Ашӯрова
Кимат Ашӯрова (1915, деҳаи Дурбати ноҳияи Ҳисор — 1986, ҳамон ҷо) — пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1957), Устоди пахтаи ҶШС Тоҷикистон (1957).
Таърихи таваллуд | 1915 |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 1986 |
Маҳалли даргузашт | |
Ҷоизаҳо |
Зиндагинома
вироишСоли 1915 дар деҳаи Дурбати ноҳияи Ҳисор таваллуд шудааст.
Сардори звено ва бригадаи пахтакории колхози «Тоҷикистони Сурх» (1934-58), раиси Колхози ба номи Ф. Э. Дзержинский (1958-60), раиси ҷамоати деҳоти Дурбати ноҳияи Ҳисор (1960-71). Аз соли 1971 нафақагири шахсӣ буд. Бригадааш ба гирифтани ҳосили фаровони пахта комёб шудааст. Депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъвати 2-5). Бо ордени Ленин, медалҳо, аз ҷумла ба медалҳои тило, нуқра ва биринҷии Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи Иттиҳоди Шӯравӣ, Грамотаҳои Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Ашӯрова Қимат // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.