Қироншоҳ Шарифзода

Қироншоҳ Шарифзода (10 январи 1958, деҳаи Порашти ноҳияи Фориш, ҶШС Ӯзбекистон) — рӯзноманигор. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.

Қироншоҳ Шарифзода
Қироншоҳ Шарифзода, соли 2012
Қироншоҳ Шарифзода, соли 2012
Таърихи таваллуд 10 январ 1958(1958-01-10) (66 сол)
Зодгоҳ деҳаи Порашт, ноҳияи Фориш, ҶШС Ӯзбекистон
Фазои илмӣ адабиёт
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон

Зиндагинома

вироиш

Қироншоҳ Шарифзода 10 январи соли 1958 дар деҳаи Порашти ноҳияи Фориши Ӯзбекистон таваллуд шудааст. Соли 1974 мактаби миёнаи тоҷикии № 13, ба номи Рӯдакии зодгоҳашро хатм карда, соли 1975 ба Душанбе меояд ва ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил мешавад ва онро соли 1980 бо ихтисоси филолог-журналист хатм мекунад.

Ҳамчунин, соли 2008 Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос ғоибона хатм намудааст. Баъд аз хатми донишгоҳ корро дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон») шурӯъ кардааст ва то соли 1990 ба ҳайси хабарнигор ва мудири шуъба кор кардааст.

Соли 1982 чун тарҷумони ҳайати мушовирони КМ ВЛКСМ ба Афғонистон рафтааст.

Соли 1990 шореҳи нашрияи парлумонии «Садои мардум» будааст ва каме баъдтар ба ҳайси мудири шуъба фаъолияташро дар ин рӯзнома идома додааст ва то соли 2009 дар ҳамин вазифа кор кардааст.

Аз соли 1990 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ барои журналистон дарс мегӯяд. Соли 2012 Қироншоҳ Шарифзода раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон интихоб шуд.

Донандаи хуби забонҳои тоҷикӣ, русӣ, узбекӣ ва олмонӣ мебошад.

Оиладор соҳиби 5 фарзанд аст.

Эҷодиёт

вироиш

Қироншоҳ Шарифзода муаллифи китоби «Бухорои Шариф»: назаре пас аз 100 сол. — Душанбе, 2012 мебошад, ки аз таърихи аввалин рӯзномаи форсии тоҷикӣ «Бухорои Шариф» (11 марти соли 1912) хикоят мекунад. Дар Тоҷикистон 11 март ҳамчун "Рӯзи матбуот" — иди касбии рӯзноманигорони ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад.Бо интихоб шудани Шарифзода ба раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон таъсири ин Шӯро дар фазои ВАО-и Тоҷикистон назаррас гардид. Бори нахуст дар Тоҷикистон ӯ нашрияҳоро аз нигоҳи садоқат ба меъёрҳои ахлоқӣ ба гурӯҳҳои солим, носолим ва калаванда ҷудо кард. Ба 3 гурӯҳ ҷудо шудани нашрияҳоро на ҳама расонаҳо хуш пазируфта буданд. Дар охири соли 2014 муҳлати раҳбариаш дар Шӯрои ВАО ба итмом расид. Нуриддин Қаршибоев роҳбари НАНСМИТ дар бораи Қироншоҳ Шарифзода мегӯяд: "Мавсуф ҳам дар зиндагӣ ва ҳам дар журналистика шахсияти муваффақ аст".

Қироншоҳ Шарифзода муаллифи 5 китоб, дастурҳои илмиву методӣ, бештар аз 500 очерк, мақола, гузориш, мусоҳибаҳои матбуотӣ мебошад.

Китобҳо
  • Асосҳои ҳамкории иҷтимоӣ. — Душанбе: «Шарқи озод», 2001,
  • Аввалин рӯзномаи тоҷикӣ. — Душанбе: «Ирфон», 2006,
  • Мушкилоти озодии сухан. — Душанбе: «Деваштич», 2009,
  • Экспертизаи лингвистӣ. — Душанбе: «Интишор», 2011 (бо ҳаммуаллифии Бринев К,)
  • «Бухорои Шариф»: назаре пас аз 100 сол. — Душанбе, 2012
  • Озодӣ ва масъулияти сухан — Душанбе, 2012[1]