Бухорои Шариф (рӯзнома)

«Бухорои Шариф» (форсӣ: بخارای شریف‎) — нахустин рӯзнома ба забони форсии тоҷикӣ, ки дар Осиёи Миёна аз 11 марти 1912 то 2 январи 1913 мунташир шуд.

Номи аслӣ Бухорои Шариф
Навъ нашрия ва рӯзнома

Кишвар
Асосгузорӣ 11 март 1912
Қатъи интишор 2 январ 1913
Забон тоҷикӣ

Таърих

вироиш

Маорифпарварони Бухоро илоҷи таъсис додани рӯзномаро бо забони мардуми таҳҷойии Бухоро ба воситаи мудири матбаа Левини яҳудӣ, ки ӯро барои фоидаи зиёд дидан аз чопи рӯзнома шавқманд гардонида розӣ кунониданд. Дар мактуб ба Элчихонаи рус (Консулигарии Империяи Русия дар аморати Бухоро воқеъ дар Когон) таъкид доштанд, ки таъсис додани нашрияе ба забони мардуми маҳаллии Бухоро ба рушду ривоҷи муносибатҳои тиҷоратии Бухорову Русия кумак мекунад. Инчунин барои итминони амири Бухоро ва Элчихонаи рус, Мирзохоҷа Мирзобадаловро, ки дар Элчихонаи рус мутарҷим буд, ба ҳайси мудири масъули нашрия муаррифӣ карданд.[1] Рӯзномаи «Бухорои Шариф» дар мавқеи маорифпарварӣ истода, хонандагони худро бо забони сода аз воқеаҳои ҷаҳон, масъалаҳои гуногуни таърихӣ, ҷуғрофӣ, адабиёт ва ғайра огоҳ мекард. Дар саҳифаҳои он махсусан зарурияти омӯхтани илму дониш ва мақолаҳои ташвиқотӣ, оид ба ин масъала чоп мешуданд.

Аввалин рӯзномаи форсии тоҷикӣ «Бухорои Шариф» 11 марти соли 1912 (4 рабеулохири 1330 ҳиҷрӣ) дар матбааи хусусии тоҷири яҳудитабор Л. Н. Левин, воқеъ дар шаҳраки Когон бо ташаббуси равшанфикрони машҳури тоҷик — тоҷир ва миллионери бухороӣ Мирзо Муҳиддин Мансуров (Мансурзода) (1862—1934) ва шоир, сайёҳ, ҳаким, публисисти бухороӣ Мирзо Сироҷи Ҳаким (1877—1914) чоп шуда буд. Муҳарририи рӯзнома ба уҳдаи яке аз донишманди забону адабиёти форсии тоҷикӣ, адиб ва рӯзноманигори маъруф Мирзо Ҷалол Юсуфзода (1862—1931), ки ӯро аз Боку ба Бухоро даъват кардаанд, гузошта шуда буд.

Рӯзномаии «Бухорои Шариф» аввалин бор хонандагони тоҷик ва тоҷикзабони бухороиро бо асарҳои нависандаи бузурги рус Л. Н. Толстой (таҳти сарлавҳаи «Осори Гроф Толстой» 12 асари ӯро чоп кардааст), «Хикояҳои чини»-и адиби фаронса Анри д. Рине, «Данко» ва «Кампир Изергил»-и А. М. Горкий ва бо дигар асарҳои нависандагони дунё шинос намудааст.

Ҷадидони Бухоро, инчунин дар аморати Бухоро мавҷудияти туркзабонҳоро ба инобат гирифта аз 14 июли соли 1912 сар карда, то 2 январи соли 1913 рӯзномаи «Тӯрон»-ро (ҳамагӣ 49 шумора) низ ба забони узбакӣ нашр намуданд.[2]

Баста шудани рӯзнома

вироиш

«Бухорои Шариф» пас аз шаш моҳи фаъолият ба мушкилиҳо дучор шуд. Аз тарафи дигар, умедвории ноширони «Бухорои Шариф» аз дастгирии оммавӣ,торафт афзудани муштариёну харидорони нашрия, бароварда шуд. Вале умри кӯтоҳи «Бухорои Шариф»-ро танҳо сабаби молӣ набуд. Садриддин Айнӣ бо ишора ба ин менависад, ки «Бухорои Шариф» ва «Турон» «рӯз ба рӯз диққати мардумро ба худ бештар ҷалб мекарданд…. Дар тасаввури хонандагон, фикрҳои нав пайдо шудан гирифт. Ин вазъ ба кайфи Элчихона мувофиқ наомад» Рӯзномаи «Бухорои Шариф» ҳамагӣ 153 шумора нашр гардид ва ниҳоят, баста шуд. 2 январи соли 1913 аз ҷониби Элчихонаи Россия ба унвони идораи нашрия мактубе расид, ки бо хоҳиши амир аз нашр боздошта шудани рӯзномаҳои «Бухорои Шариф» ва «Турон» хабар медод.[3]

Донистаниҳои ҷолиб

вироиш
  • Дар Тоҷикистон 11 март ҳамчун «Рӯзи матбуоти тоҷик» — иди касбии рӯзноманигорон ҷашн гирифта мешавад.
  • Марти соли 2012—100-солагии рӯзномаи «Бухорои Шариф» дар ҷумҳурӣ ботантана ҷашн гирифта шуд.
  1. Шарифзода Қироншоҳ. «Бухорои Шариф»: назаре пас аз 100 сол. — Душанбе, 2012, с. 13-14.
  2. Ҳотамов Н. Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). — Душанбе,2011.
  3. Шарифзода Қироншоҳ. «Бухорои Шариф»: назаре пас аз 100 сол. — Душанбе, 2012, с. 31-32.

Пайвандҳо

вироиш