Қобилҷон Мансуров
Қобилҷон Мансуров (тав. 30.04.1949, шаҳри Душанбе) — физикдон, номзади илмҳои физика-математика (1988), дотсент (2002). «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2002)
Қобилҷон Мансуров | |
Таърихи таваллуд | 30 апрел 1949 (75 сол) |
Зодгоҳ | Душанбе , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | физика, |
Ҷойҳои кор | мактаби миёнаи № 62 ноҳияи Октябри ш.Душанбе,Институти тадқиқотӣ-илмии ба номи С. Умарови АИ ҶШС Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои физика ва математика |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин |
Ҷоизаҳо | «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2002) |
Зиндагинома
вироишСолҳои 1966–1971 дар факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин таҳсил ва 1971–1973 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст. Солҳои 1973–1976 муаллими физикаи мактаби миёнаи № 59 ноҳияи Колхозобод, 1976–1980 муаллими физикаи мактаби миёнаи № 62 ноҳияи Октябри ш.Душанбе, 1980–1988 ходими илмии Институти тадқиқотӣ-илмии ба номи С. Умарови АИ ҶШС Тоҷикистон, 1988–2002 муаллими калони кафедраи методикаи таълими технологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев буд. Аз соли 2002 инҷониб дотсенти кафедраи методикаи таълими технологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Муаллифи зиёда аз 34 мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ мебошад, ки дар 365 онҳо моеъҳои магнитӣ ва масъалаҳои таълиму тарбия мавриди тадқиқу баррасӣ қарор гирифтаанд.
Ҷоизаҳо
вироишБо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2002) ва ифтихорномаҳои донишгоҳи омӯзгорӣ мукофотонида шудааст.
Осор
вироиш- Спектроскопияи моеъҳои магнитӣ дар ҳудуди зуддиҳои 3-30 МГц. (дастури методӣ), Д., 2004;
- Таҷрибаомӯзии педагогӣ барои донишҷӯёни соли хониши IV ва V, Д., 2004.