Қодири Ашпорӣ (форсӣ: قادر اشپاری‎; зод. сентябри 1967, Кобул) — овозхон ва оҳангсози аҳли Афғонистон[1].

Қодир Ашпорӣ
Таърихи таваллуд сентябри 1967 (56 сол)
Зодгоҳ
Солҳои фаъолият 1996 — то ҳол
Кишвар
Пеша(ҳо) овозхон, оҳангсоз
Сабк мусиқии поп

Зиндагинома вироиш

Қодири Ашпорӣ дар шаҳри Кобул ба дунё омадааст. Ӯ аз синни панҷсолагӣ ба мусиқӣ алоқа дошт ва аз ҳамон даврон шурӯъ ба ёдгирифтани олот мусиқӣ кард. Дар навҷавонӣ бо хонаводааш Афғонистонро тарк кард ибтидо ба Покистон ва сипас ба Олмон рафтанд ва муддате баъд ба Иёлоти муттаҳидаи Амрико муҳоҷират карданд. Даврони мактаб ва литсейро дар шаҳри Лос-Вегос иёлати Наводо гузаронд ва барои идомаи таҳсил ба иёлати Калифорния рафт ва дар риштаи улуми роёна мадрак гирифт. Пас аз он ба унвони муҳандиси пуштибони фаннӣ дар ширкати IBM машғул ба кор шуд.

Фаъолиятҳо вироиш

Ӯ пас аз се соли кор барои ширкатb IBM тасмим гирифт то мусиқиро идома диҳад, ибтидо корашро бо оҳангсозӣ шурӯъ кард. Қодири Ашпорӣ аз нахустин оҳангсозони афғон аст, ки садоҳои олоти мухталифи мусиқии Афғонистонро дар кейбурд ва роёна танзим кард[2]. Қодири Ашпорӣ токунун шаш олбуми мусиқи ба сурати расмӣ мунташир карда ва барои пеш аз сад олбуми мусиқӣ аз дигар хонандагони афғон оҳанг сохтааст. Вай дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Фримонти иёлати Калифорния сокин аст.

Эзоҳ вироиш

  1. Qader-Eshpari Biography. Afghan Song Lyrics. 20 феврали 2023 санҷида шуд.
  2. استوديوی شماره هفت: قادر اشپاری. www.bbc.com. BBCPersian.com (27 сентябри 2006). 20 феврали 2023 санҷида шуд.