Аҳмад ибни Мирмуншӣ

(Тағйири масир аз Қозӣ Аҳмад)

Аҳмад ибни Мирмуншӣ (номи комилаш Қозӣ Аҳмад ибни Мирмуншӣ Шарафуддин Ҳусайн Иброҳими Қумӣ, маъруф ба Қозӣ Аҳмад Шарафуддин; 1539, Қум — 1606) — таърихнигор, хаттот ва наққоши форс-тоҷик.

Аҳмад ибни Мирмуншӣ
Қозӣ Аҳмад Шарафуддин
Номи пурра Қозӣ Аҳмад ибни Мирмуншӣ Шарафуддин Ҳусайн Иброҳими Қумӣ
Таърихи таваллуд: 1539(1539)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1606[1]
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: таърихнигор
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Давраи ҷавониаш дар Қум ва Ҳирот гузаштааст. Санъати хаттотиро аз хаттотони машҳури ҳамон замон Аҳмад Ҳусайни Машҳадию Шоҳмаҳмуди Зарринқалам ва наққоширо аз Алиасғар, Муҳаммадамин ва Алиризо омӯхтааст. Соли 1556 ба Машҳад кӯчида, муддати 10 сол вазири дарбори Иброҳиммирзо будаааст. Муаллифи асарҳои «Маҷмаъу-ш-шуаро-ул-Аббосӣ», «Хулосату-т-таворихи Аббосӣ» ва «Гулистони ҳунар». Асари якуми ӯ тазкира буда, роҷеъ ба шуарои аҳди сулолаи Сафавиён маълумот медиҳад. Асари дуюм тамоюли таърихӣ дорад. Асари сеюми Аҳмад — «Гулистони ҳунар» аз муқаддима ва се боб иборат буда, дар он дар бораи қалам, пайдоиши хат, хаттотону мусаввирон маълумот медиҳад ва аз эҷодиёти онҳо намунаҳо меоварад.

Адабиёт

вироиш