Абу Ҷаъфар Абдулло́ҳ ибни Аҳмад Қоим Биамриллло́ҳ (ар. أبو جعفر عبد الله القائم بأمر الله‎; 10012 апрели 1075) — халифаи аббосӣ. Аз соли 1031 то 1075 ҳукмронӣ дошт.

Абдуллоҳ Қоим Биамриллах
ар. عبد الله القائم بأمر الله
1031 — 1075
Пешгузашта Аҳмад Қодир
Ҷонишин Абдуллоҳ Муқтадӣ
Таваллуд 1001(1001)
Даргузашт 2 апрел 1075(1075-04-02)
Дудмон Аббосиён
Сулола Аббосиён
Падар Аҳмад Қодир[d]
Модар Qatr al-Nada[d]
Ҳамсар Khadija Arslan Khatun[d]
Фарзандон Muhammad ibn al-Qa'im[d] ва Seyyidah Khatun[d]
Эътиқод Ислом

Зиндагинома

вироиш

Хилофати Бағдод дар замони бӯҳрони сиёсӣ ва иҷтимоӣ, ба дасти Абдуллоҳ гузашт. Аз рӯзҳои аввали хилофаташ ӯ ҷиҳоди зидди шиъаро сарварӣ намуд. Солҳои 1033 — 36 хуруҷи айёрони Буяро дар Бағдод барҳам дод. Нуфузи Оли Буяро дар Бағдод маҳдуд карда, ҳокимияти халифро дубора барқарор кард. Аммо ба ӯ муяссар нашуд, ки Бағдод ва тамоми хилофатро аз таъсири туркон боздорад. Дар нимаи дуюми садаи XI Бағдод дубора ба бӯҳрон рӯ ба рӯ шуд. Соли 1055 сипоҳи Туғрилбек вориди Бағдод гашт. Абдуллоҳ Бағдодро тарк кард. Ҷанги шаҳрвандӣ сар шуда, як сол давом кард (1055 — 56) ва баъди ба ақди никоҳи писари Туғрил даромадани духтараш Абдуллоҳ ҳукумати худро боз устувор кард. Султон Алп Арслон барояш унвони ҳодӣ ва сарвари муслиминро дода, аз масъулиятҳои дигар ӯро маҳдуд кард.

Сарчашма

вироиш