Қонуният
саҳифаи маъноҳои Викимедиа
Қонуният - риоя ва иҷрои дақиқ, якхела ва ҳатмии талаботи ҳуқуқ аз тарафи мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, ташкилотҳо ва шаҳрвандон мебошад.
Талаби қонуният дар моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода ёфтаасг:
«Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд»
.
Қонуният ба якчанд маъно истифода мешавад: принсипи фаъолияти давлатӣ (адолати судӣ, ҳуқуқэҷодкунӣ ва м.и.); асоси ташкилии мақомоти давлат (интихоби Президент, Маҷлиси Олӣ) ва ғ. Қонунияти ҳуқуқӣ риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дар назар дорад.[1]
Нигаред
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 255